Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
*Рўзадоре ба муллои деҳа даҳ сомонӣ дод, ки барвақттар азон диҳад.
*Адибони бисёрнавис ба мисли харгўшонанд, ки бисёр мезоянд.
Зиҳӣ Фирдавсии бузург, ки чун Шер Шеъре зод аз
«Шоҳнома»!
*Хоҳӣ, ки хобҳои рангин бубинӣ, дар китобхона бихоб.
*Тоҷике гуфт: «Мактаб, китоб, миллат, ақл…моли арабҳост. Сад шукр, ки нон, меҳан, хирад, чашму гўшу забон аз мост…»
*Ҳар гапе, ки дошта бошед, ба муовин не, ба хабаркаши сардор гўед, вай ҳатман мерасонад.
-
Пире садсола атса зад. Наберааш аз рўи одат гуфт:
«Пир шавед!» -
-- Устод, ҳамин романи маро, ки тоза ба эҷодаш сар кардам, хонда баҳо медодед?
-- Бепарво навиштан гир, аздусар касе намехонад! -
Дар ҳавои сард умр ба сар мебаранд, то ҳавои хубро барои мо пешгўӣ кунанд.
-
Ў мегуфт, ман мешунуфтам.
Ў гуфту гуфту гуфт…
Ман шунуфтам… ва боз шунуфтам…
Ў ҳар он чӣ медонист, ба забон овард.
Аммо намедонист, ки ман медонам.
*-- Ку биханд!
-- Пих!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё