Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

*Бархе аз мусулмонон дар пеши Худо тифли хираанд дар назди падари сарватманд, ки ҳама дам «бидеҳ!»
мегўянду «бас!» намегўянд.

*Хушдоман Келинро насиҳат кард:
-- Луқмаатро ба кас мадеҳ, ки шўятро мегиранд!
Аз он рўз сар карда, Келин луқмаашро ба ҳар кас медодагӣ шуд.

*-- Чаро ин тифлаки навзод, ки ҳанўз якмоҳа нашудааст, ба ман ин қадар нигоҳ мекунад?
-- Шояд андеша меронад, ки қаблан туро дар куҷое дидааст?

*Рўзи аввали рамазон ба коргоҳ қуфли якманӣ дар лабонаш овезон омад.

*Аз бекорӣ ба ҳама кор даст мезад.

*-- Эҳ, нависандаи бадбахт!
-- Чи хел бадбахт аст, ки китоб-китоб асарҳо навиштааст: ҳикояҳо, повестҳо, роман, драма… Ба як маънӣ,
аз сарвати эҷод ҳама чӣ дорад!
-- Афсўс, хонанда надорад!..

*Дар чашми мардум урёни модарзод будан ҳам ошкорбаёнист.

*Бенаво гуфт: «Ризқи мо дар дасти Худост. Ва ризқи шоҳон дар дасти мост».

*Агар сарватманд баъди мурдан огаҳӣ меёфт, ки дороияш ба дигарон мондааст, аз мурдан батар мешуд.

*Агар ҳамаи хобҳои дидаамро имкони сабт кардан мебуд, филми 100-200-сериягии илмӣ-ҳунарӣ рўи навор меомад.

пешина
аз 208
навбатӣ