Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Тақдиру насибаи одамизод ҳамин аст. Духтар, ки қадрас шуд, хоҳу нохоҳ шў мекунад ва писари ба балоғатрасида зан мегирад!
Зумуррад ба гўши худ бовар намекард. Имрўз бо Аскар чӣ шуда бошад? Чунин суханонро бори аввал аз вай мешунид.
-- Шуморо фаҳмидан мушкил, акои Аскар. Шухӣ карданӣ бошед ҳам, гапатон аз даҳонатон ҷиддӣ мебарояд. Чӣ хеле ки ҳар доим бо сиёсат гап мезанед!
-- Ман шухӣ намекунам! Рост мегўям! Биё, бигир, ҳамин Сайиди ошнои маро! Пушаймон намешавӣ!
Аз ин таклифи ногаҳонии Аскар саропойи Зумуррад виҷиррос зад. Ба назараш чунин намуд, ки дидаю дониста мазоҳаш мекунад, ин ҷавонмарди ғалатӣ, ки баъзан худ намедонад, чиҳо мегўяд. Абрўвони Зумуррад сахт гиреҳ шуданд. Дилашро шўбҳа зер кард.
-- Э ако! Шумо чиҳо гуфта истодаед?!—бо овози гиряолуд гуфт ў.—Ҳамин як соат пештар, насиҳат карда мегуфтед, ки хонданро давом деҳ, тарки мактаб накун.
Ҳоло бошад, маро шў доданӣ ҳастед!
-- Акои Аскарат ҳеҷ гоҳ гапро дуто намекунад! Бихон, олим, роҳбар шав. Вале ҳеҷ гоҳ фаромўш накун, ки бо амри худои таоло барои духтар, барои зан ба шавҳар баромадан, дару хона обод кардан дар мадди аввал меистад! Агар ин корро накунӣ, гунаҳкор- осӣ мешавӣ! Ман худам бо Сайид гапзанон мекунам. Вай ҳеҷ гоҳ пеши раҳи хондану кор карданатро намегирад.
-- Э анна, раҳмат! Шў ҳам додед, -- бо киноя гуфт Зумуррад.—Шумо барин акои меҳрубон, устоди ғамхора аз куҷо меёбам!
-- Чӣ, розӣ нестӣ, ки бо Сайид хонадор шавӣ?! Рафту ҷўраи ман зан гирад, он гаҳ пушаймон нашавӣ?
-- Ҳа, майлаш. Зан диҳед ҷўратона! Ҳаргиз пушаймон намешавам! Акнун бас, ако! Сўҳбати аввалу охиринамон дар ин мавзўъ тамом! Биёед, кор кунем, ки ба қавли шумо, аз «дигарон» қафо мондем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё