Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Метарсанд, ки мабодо розигӣ надиҳанд, бо ҳамин дари бахт ба рўяшон баста мешаваду дигар ягон кас ба хостгорияшон намеояд. Пирдухтар мешаванду умрашонро зоеъ мекунанд».
Он гаҳ навбат ба Аскар мерасад. Вай зуқзуқкунон мегўяд: «Ҳайфи бонувони бечораи тоҷик! Аз ин умри кўтоҳ, ки худованд ато кардааст, чӣ ҳам мебинанд? Савод мегирам гуфта, дар мактабҳо хонанд, як бало. «Ҳай, духтари фалонӣ бероҳа шуд!», гуфта таънаю маломаташ мекунанд. Ва дигар касе аз зангирҳо дилёб намешавад, ки барои хостгорӣ дарашро бикўбад. Нахонанд, балои дигар. Бесавод мемонанд ва ниҳоят зани дуюму сеюми ягон марди бадавлати худобехабар мешаванд»…
Қодиру Усмон низ ба ҳамин маъниҳо хушомадгўёна суханони устодашон-Султонзода ва Аскарро об дода, гилагузориҳо мекунанд: «Бонувони тоҷик чӣ гуна рўзи хуш бубинанд, ки шавҳарони аксари онҳо дур аз ватан, дар мулки бегона бо мардикорӣ рўз мегузаронанд! Бори рўзгор бошад, ҳама бар души занони бева афтодааст.
Имрўз аксар савдогароне, ки дар бозор нишаста майдачуйда мефурўшанд, занонанд ва ғайраву ҳоказо…»
Ҳар дафъа аз шунидани ин суханон дилгир мешавад Зумуррад. Аз чӣ бошад, ки намехоҳад дар бораи тақдиру қисмати онҳо бисёр ҳарф зананд, агарчанде ҳақ мегўянд, аз таҷрибаи рўзгори талху ногувори занони имрўза ҳикоят мекунанд.Вақте ки саросема нону об хўрда, сўҳбат оғоз меёбад, Зумуррад танҳоӣ меҷўяд, мехоҳад ба гўшае хилват рафта, дар сояи дарахти дўлона ё бодом дароз кашад, дам гирад. Каме ҳам бошад, хоб равад. Ана, дирўз бо ҳамин ният аз ҷой бархоста, чанд қадам дуртар рафту сояи дарахтеро интихоб кард, ки алафҳои гирду пешашро тоза даравида буданд.
Ҳамин ки сар ба сари санге ниҳода, пойҳояшро дароз карданӣ буд, Аскар намонд.
-- Дар адир хоб рафтан мумкин нест!—сарзаниш кард ў—Яке бехабар мору каждум ё ғунда газад, кӣ ҷавобашро мегўяд?!

пешина
аз 208
навбатӣ