Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Корро бас кун, Зумрат! Биё, парто, рафтем!- бе он ки нигоҳе ба сўяш афканад, бо дандонҳояш шиқирросзанон бодом шикаста, овоз дод ў.—Ҷонатро ин қадар дар азоб мемонӣ, кӣ ба ту раҳмат мегўяд?! Чӣ, гумон мекунӣ, дигарон корро ҳалол карда, давида аз мо пеш мегузаранд? Онҳо мисли туву Сайид на чуқурча мекобанду на зўр зада, санг мешикананд. Ҳар чи аз сари роҳашон баромад, аз регу шағал сарчин мекунанду ба халтачаҳо меандозанд ва «намуна» гуфта, барои ташхис ба лаборатория мефиристанд. Ана баъд мебинӣ, ки сангҳои ёфтаи онҳо маъдани нодир баромаду аз ману ту оддии муқаррарӣ!»
Зумуррад ҳам мешунид ва ҳам намешунид гуфтаҳои Аскарро, ки боз аз рўйи одат, калонгирона ба насиҳат сар карда буд. Ҳушу ёди ў ба чуқурчаи охирин, ба ҷойи дар назараш аз ҳама хавфнок—таҳи буттаи зичу анбўҳ банд буд, то ки ҳарчи зудтар аз он регу шағал ба каф гираду намунаи ҷинсҳои кўҳӣ интихоб намояд.
Бо ҳамин ният, беҷуръатона, дар ҳолате ки бо шубҳаву гумоне дилашро воҳима зер карда буд, ба бехи бутта даст дароз кард. Даст андохту якбора ўро даҳшат фаро гирифт! Чизе тару лағжонак дар банди дасташ хазида гузашту якбора баданаш виҷиррос зад. Ва ҳамон лаҳза, дар як миҷҷа задан дасташро ақиб кашиду бо тамоми овоз фарёди ҷонкоҳе баровард:
-- Вой очаҷон-ее!!!
Ҷонҳавлона аз ҷой бархосту пояш лағжид, болои сангпораҳои шикастаи теғадор парў афтид. Сангҳо ғел хўрданд. Ў низ дар қабати сангҳо ғел мехўрд. Ғел мехўрду сару пою дастонаш аз санг бар санге бархўрда, торафт дар тани бора пойин меғелид. Аз пайи ў ҷо-ҷо дар рўи сангҳо нақши хун боқӣ монда буд.
Бо шунидани нидои Зумуррад нахуст Аскар ба пушт нигарист. Ў бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр мори бадҳайбате аз бехи бута хазида берун ҷаҳид ва ғеҷидаву тоб хўрда, бо шаст пойин фуромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё