Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Султонзода ба Сайид нигарист.
-- Лабонат варам кардааст, ҷўра.
Ў даст ба камар бурда, обгираки саҳроиро кушод ва ба Сайид дароз кард.
-- Ма, ин ҷо арақ аст. Ба лабонат бимол, варама мегардонад. Ранги рўят ҳам кандагӣ. Сахт тарсидаӣ, аз афташ. Каме бинўш, ваҳмро аз дилат берун мекунад.
Баъд, кушо банди дасти Зумратро. Азоб надеҳ духтари бечораро. Бепарво бошед, ҳар коре, ҳар ҳодисае рух диҳад, ман ҷавобашро медиҳам!
Сайид даҳони обгиракро кушода, лабонашро тар кард. Нанўшид. Гашта ба Султонзода доданӣ буд, ки Аскар аз дасти ў чанг зада гирифт.
-- Ба ман те,- гуфт ў.—Э, с-сабил монад! Каме дарунамро дизенфексия накунам, намешуданӣ барин! Ба худо, ки дарунам ҳама заҳр аст, заҳри дарду алам аз ғами хоҳарам Зумрат, аз ғами занону модарони бечораю бадбахт, аз ғами заноне, ки беваи бекас мондаанд!
Дар гуфтори ў оҳанге садо медод, ки гўё ҳоло ҳунгос зада мегиряд. Обгиракро баланд бардоштаву чашмонашро нимпўш карда, шаробро дар ҳалқаш рехт.
Нўшид. Ба тахмин як пиёла зиёдтар фурў бурд.
-- Э, офарин, Аскар!—обгиракро аз дасташ кашида гирифта, бо табассуми хира гуфт Султонзода.—Қоил кардӣ!
-Шумо ҳам нўшед, устод—маслиҳат дод Аскар.—Аз ранги рўятон маълум ки Шумо ҳам сахт тарсидаед!
Султонзода табассуми хира дар лабон, бо қираи чашм ба Аскар нигариста, нобоварона сар ҷунбонд.
-- Аҷаб гапҳое мезанӣ! Тақдири се нафар, яке касалӣ, дар дастаму ту бошӣ, мегўӣ, бинўш! Ақлата хўрдӣ, чӣ?
-- Ҳа, ақлама хўрдаам! Девона шудаам! Ба ростӣ, фақат девонаҳо дар ин ҳавои тафсон, дар ин адири бекас, дар байни ҷуку ҷондор мегарданд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё