Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Фақат ҳамин як ақида доимо дар сараш чарх мезанад, ки: «Ба ҳар ҳол, устод-Аскар марди ҳақталош аст, доиман кимчиро, ким-киро дар зиндагӣ аз муҳити ҳақгўиву ҳақшиносӣ ҷустуҷў мекунад. Бештар дар бораи занону модарон муҳокима меронад, бештар ғами онҳоро мехўрад; ҳадди касе, ки беҳуда ғайбат кунад занону модаронро, ҳадди касе, ки дар бораи бахту тақдири занону модарони тоҷик ноҷо даҳан кушояд! Даҳани чунин бетамизонро санг зада маҳкам мекунад Аскар! Афсўс, ки ғаму андўҳи ҳақталошиҳо ўро ҳамеша дилгиру хастаҳол, аз сину солаш калонтар нишон медиҳанд…
-Чӣ ба фикру хаёл фурў рафтӣ?-риштаи андешаҳояшро барканд Сайид, ки дар бари ў рост меистод.-Дар бораи Аскар будагист?
-Аз куҷо фаҳмидӣ?
-Аз ҷунбидани лабҳоят пай бурдам.
-Сайид. Росташа гўй, барои чӣ тарафи занҳоро гирифтани устод Аскар ба ту маъқул нест?
-Чунки вай ҳиллагар аст…
-Э, ҳа! Вай чӣ хел, ҳиллагар будааст?
-Гумон мекунам, самимӣ нестанд гапҳои «Устодат»
дар ҳақи занону ғами онҳоро хўрданаш. Ба хаёлам, ҳамаи ин ҳиллаҳоро бо мақсаде ба кор мебарад, ки занону духтаронро ҳарчи бештар ба худ ҷалб кунад.
-Ту чӣ? Чӣ ақида дорӣ дар бораи занону модарони имрўза?
-Ман ба дигар занону духтарон кор надорам. Зеро доимо дар ёду хаёли туям, тўйӣ, Зумрат!
Зумуррад дам назад. Нигоҳҳояшро аз Сайид гурезонду сар хам кард. Зоғнул ба замин зада, чуқурчае кофт; хоку регро ғалбер кард; сангчае дар нўги зоғнўл берун омад. Сипас, аз борхалтаи дар пушташ овезон болға ба даст гирифту бо як зарба сангро зада чанд бўлак кард. Хоку сангрезаҳоро дар каф ниҳода, пасу пешашонро аз назар гузаронид ва якеро интихоб намуда, ба Сайид дароз кард. Сайид дар коғазаке рақами навбатии намунаро навишту сангчаро бо он коғаз ба халтачае андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё