Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-- Биё, ҷоямонро иваз кунем, Зумрат!—чун масофаеро қадамзанон тай намуданд, илтиҷоомез гардан каҷ кард Сайид.-- Охир, болға задан, санг шикастану намуна гирифтан-сирф корҳои мардонаанд! Ба сангҳои намуна рақам мондану дар халтачаҳо андохтан осонтар аст. Ин корҳоро ту бикун, агарчанде ки бардошта гаштани халтачаи пурбори сангчаҳо ҳам ба бонувон намезебад.
Зумуррад гилагузорӣ кард:
-- Э, ҳа! Корҳои мардона гуфта, моро намемонед, ки сангҳоро шикаставу қиммати онҳоро муайян намоем!
Намегузоред, ки мо духтарон рози Заминро дар амал бисанҷему биёомўзем! Ин тавр бошад, пас, мо кай касби худ-- заминшиносиро ёд мегирем?!—Сипас, бо оҳанги шўхӣ илова кард:-- Чӣ, мехоҳед, тиллою нуқра ё ягон ҷавоҳироти дигарро фақат шумо ёбед?
Ин гилагузории Зумуррад баҳонае шуд барои Сайид, то гапи дилашро бигўяд:
-- Барои ман тиллою нуқра чӣ лозим, Зумрат? Ман аллакай гавҳари бебаҳои худро ёфтаам.
-- Аз куҷо?—агарчи ба зудӣ пай бурда буд, ки Сайид чӣ гуфтан мехоҳад, қасдан пурсид Зумуррад.
-- Аз ҳамин ҷо, аз кўҳистони Харангон.
-- Лекин ба маълумоти Шумо расонам, ки дар ин мавзеъ, ки зодгоҳи ман аст, ягон намуди сангҳои нодир, на гавҳар, на лаъл, на ақиқ, на мармару беҷода ёфт намешавад! Табиати ин ҷо фақат хоси маъданҳост, ба мисли тилло, мис ва ғайраҳо. Инро бояд ба хубӣ донед, мўҳтарам, хатмкунандаи факултаи геологияи Донишгоҳ!
-- Ёфт мешавад!—бо эътимод гуфт Сайид. —Ҳаст гавҳаре, ки дар оғўши ин кўҳдоман «сабз» шудааст! Ва онро аввалин шуда, ман кашф кардаам!
-- О-ҳо! Онро аз ташхиси лабораторӣ ҳам гузаронидаед? Хеле нодир аст?

пешина
аз 208
навбатӣ