Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Лекин!—бо ғазаб чашмони хунборашро ало карда хитоб кард Ҳоҷӣ Камол.—Лекин чунин лақаб гирифтани Мармар на аз он ҷиҳат буд, ки ранги рўяш ба он санги қиммати гуфтаи Шумо монанд бошад. Не! Ранги рўи исқотӣ, тавба кардам, дар зиндагияш ҳам, дар дами мурданаш ҳам, сип-сиёҳ буд, зангӣ барин! Лекин вай, исқотӣ, то лаҳзаи ҷон доданаш суп-сурх, коммунист буд!..
Ҳо, бале! Пас аз пош хўрдани СССР ҳама билетҳои сурхашонро супориданду ў надод, исқотӣ! Ба нафақа баромаду то мурданаша ҳам ҳақи аъзогӣ медод. Ҳар гоҳе ки даъвои ҳақ мекард, аз ғазаб алов барин дар мегирифт. Ба як маънӣ суп-сурх буд, суп-сурх ҷон дод, исқотӣ!
Ў лаҳзае сукут варзиду дафъатан манаҳи серришашро молиш дод; бо кафи даст туфи гирди лабон ва дар патаки риш часпидаашро тоза кард ва бо ҳамон оҳанги марғуладор идома дод .-- Лекин, ба суолам ҷавоб надодӣ, маълим! Духтари Сурха мор газид, зинда аст?
Намурдаст исқотӣ?
-- Шукр, соқу саломат аст,-- посух дод Султонзода.—Мор нагазидааст ўро. Каме тарсондааст. Оё мо устодон мегузорем, ки ба шогирдонамон дар ин адир ягон ҳодисаи нохуш рух диҳад?! Шумо аз куҷо дарак ёфтед, Ҳоҷӣ-- бобо?
-- Ҳеъ! Дар ин кўҳистони исқотӣ пашша ғингос занад, шамоли адир ба гўши ҳама мерасонад! Вақти намози пешин беваи Гавҳарро дидам. «Мошин нигаҳ дор, Душанбе меравам», гуфта зорӣ кард. Лекин исқотӣ нагуфт, ки чӣ ҳодиса руй додааст, занаки муғамбир!
-- Гавҳар кист?— худро ба нодонӣ зада, пурсид Султонзода.
-- Апайи калонии ҳамин шогирди бадбахти Шумо.
Ўро намешиносед?
-- Ҳа…-- бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд Султонзода.—Шумо бо апайи Гавҳар дар куҷо вохўрдед?
-- Дар куҷо мебуд, дар ҳамон адир. Исқотӣ мисли ҳаррўза бо як сари қоқаш, дар офтоби сўзон хишт мекашонд. Не, дурўғ гуфтам! Аз хишткашонӣ шалпару лакот шуда, худро дар замин партофта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё