Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Санавбар дастурхонро барои таоми шоми шарикон аз нав ороста буд. Дар ду лаълӣ тарбузу харбуза, дар як коса ҷурғот, дар як табақ шакароб оварда монд. Дар як гўшаи дастурхон ним шиша шароб меистод, ки нимхўрдаи Султонзода буд. Бо таклифи Санавбар ва Султонзода Аскар омада сари дастархон нишаст.
«Ана, имрўз ин пирамарди хираи бенангу номус боз омадааст!—чашм аз анвои хўрданӣ наканда, аз дил гузаронд ў.—Ин дафъа омаданаш бесабаб нест, албатта.
Аз афташ, касе ба ў ин хабарро расонидааст: «Зумратро мор газид!» Шунидани чунин хабар барои мўсафедоне, чун Ҳоҷӣ Камол ба мисли он аст, ки кўр тоқияшро ёфта бошад!».
-- Ин қадар хўрданиро барои чӣ овардӣ?!—болои курпача, дар бари Султонзода баҳузур ҷой гирифта, бо аламе, ки дар дил дошт, ба сари Санавбар овоз баланд кард ў.—Сарфаю сариштаро намедонӣ? Кӣ мехўрад?
Ҳама серанд! Апайи Гавҳар ба мо як зиёфат дод ки!..-- Ва ба Султонзода рў оварда,ба шишаи арақ ишора кард:-- Ана, ҳамин шишаи шароб монад, бас! Рез, устод!
Мон, онҳо намоз хонанд! Мо то омаданашон мурданак менўшем! Ҳоло он Ҳоҷии исқотӣ биёяд, ман ўро чунон боб кунам, ки…! Хўи баду дилу нияти ифлосашро аз сараш исқот мемонам!
-- Чӣ гап шуд, Аскарҷон?—нобоварона пурсид Султонзода.—Худатро ба даст гир, ҷўра! Дар ин маҳали бегона бо ҳамшаҳрат дилсияҳӣ карда, балоеро ба сарамон нахезонӣ! Ё аз ҳад беш маст шудӣ-чӣ?
-- Ҳа, ман мастам! Каллаам гаранг аст, пук шудааст мисли каллаи Ҳоҷӣ! Аммо на аз таъсири шароб! Балки аз фикри ин дунёи буқаламун, аз ғами модарону хоҳарони бечораи сахтсар! Эҳ! Нахостам, пеш аз намоз ўро хафа кунам! Мон, намозашро хонда биёяду дар бари мо нишинад, он гаҳ медонам бо ин мўсафеди беимон чи хел рафтор кунам! Чунон гапҳое бизанам, ки дар умраш нашунида бошад!

пешина
аз 208
навбатӣ