Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сайид, ки чанд қадам дуртар аз Зумуррад истода, халтачаҳои сангҳои намунавиро ҷо ба ҷо мегузошт, якбора ду садои ваҳмангез-ба ҳам бархўрдани сангҳо ва нидои Султонзодаро шунида, аз ҷой як қад парид. Бошитоб рў тофта ба Зумуррад нигарист. Зумуррад дар он асно сари зону нишаста, побанди хаёлоти худ, аз замин сангчаҳо ҷудо мекард. Ў сахт дар ғафлат монда буд, хабаре аз оламу одам надошт.
-- Зумрат!!!—Сайид ҳамин як калимаро ба забон оварду оҳувор ҷаҳида, аз бозувонаш чанг зада гирифту дар бағал кашид. Ҳамон лаҳза санги калони вазнине ғелида, ба бари домани Зумуррад расам-нарасам, тирвор гузашта рафт; ғел хўрдаву чанд сангу сангрезаҳоро аз ҷой беҷо кард ва дар як нафас гурумбосзанон ба таги дара фурў афтиду аз назар ғойиб шуд.
Зумуррад карахту ҳайрон, дар ҳолате ки аз тарс хун дар рўяш намонда буд, сонияе худро дар оғўши Сайид дарёфт. Ва ҳамон сония бехудона сар боло кард. Чашмонаш ба Аскар афтод, ки аз он баландӣ, девонаавзоёна даҳанашро гиҷ карда, ба сўяшон менигарад.
-- Э ҳе-ей, Лайлию Маҷнун! –гўё воқае рух надода бошад, барқасди бо таҳлука фарёд кашидани Султонзода бепарво овоз баланд кард ў.-Ҳай вақти ишқварзиятонро ёфтед! Корро кӣ мекунад?!
Зумуррад гўё ки дар хоб буд, бедор шуд. Саросемаю бо қаҳр худро аз оғўши Сайид раҳо карду хам шуда, аз ғояти шарму ҳаё бошитоб болға ба санге задан гирифт.
Сайидро рафтору кирдори Аскар сахт дар ғазаб оварда буд. «Ҳеъ, ба худо девонаи таппа-тайёр будааст, ин Устоди коромўзи мо! -худ ба худ ғурунгос зад ў. –Доимо даъвои ҳақ, инсофу адолат мекунаду касеро писанд накарда, аз худ оқилу доно метарошаду вале намефаҳмад, як бор андеша намеронад, ки бепарвоӣ, беэҳтиётӣ, таҳдиди хатар ба саломатию ҷони атрофиён низ ноҳақӣ, ноинсофию ноадолатӣ, балки аҳмақию бефаросатист!». Ў дар сари ҷаҳл сангчаеро аз замин гирифта дур ҳаво дод.

пешина
аз 208
навбатӣ