Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Не, ҷўрагӣ ин хел нашудааст, Хоҷӣ!-аз доманаш кашида бархостан намонд Аскар.-Медонам, ки наменўшӣ, аммо нагурез, феъли Аскарро хуб медонӣку, ҳаргиз касеро, ки аз ин заҳр парҳез дорад, маҷбур намекунад! Натарс, дар сўҳбати мо барин арақхўрон нишаста гунаҳкор ҳам намешавӣ. Гўри ҳар кас ҷудост…
-Барои чӣ нишинам, Аскарҷон. Охир ман сўҳбати хуш надошта бошам…
-Хоксорӣ накун, Ҳоҷӣ!-батар тунд шуд Аскар.- Сўҳбати ту, суханони ту малҳами ҷонанд, мағзи сарро тоза мекунанд, ба дили абгори ман шифо мебахшанд!
Диле, ки аз дарду ғами ин замона абгор, пора-пора, лахт-лахт шудааст, мефаҳми?! Эҳ, ин каллаи сабилмондаро худо аз куҷо ёфта оварда дар гардани ман часпонд?! Ана ҳамин каллаи вайрон диламро маҷақ кардааст, онро доиман дар қафаси синаам ончунон зер мекунад, ончунон фишор медиҳад, ки ба хаёлам рагу пайвандам кафида, дарун-дарунам ғарқи хун мешавад!
-Айб дар мағзи сар нест, айб дар дили нозуки ту, дар дили беайбу покизаи туст, Аскарҷон. Ҳар хабаре, ҳар дарде, ки бошад, аввал дил ба мағзи сар бурда мерасонад. Он гоҳ ҳуҷайраҳои мағзи сар ба ҷунбиш меоянд.
Он гоҳ дард пайдо мешавад. Агар хабари дил, талаби дил, дарди дил аз ҳад зиёд бошад, он гоҳ сар монда мешавад, сахттар ба дард меояд, рагҳои хунгарди он бештар таранг мешаванд, хун бештар гардиш мехўрад, он гоҳ рагҳои сару дил баногоҳ кафиданаш мумкин! Барои ҳамин, доиман эҳтиёт кардан даркор, ҷўра… Дилу сари бечораро бо ҳар гуна фикру хаёлоту хоҳишу талаби зиндагӣ азоб додан лозим нест…
-Бале, талаби дили ман, дарди дили ман зиёд аст, хеле зиёд! Дили ман мехоҳад, дар ин дунёи дурўза барои ҳамешагӣ инсоф, адолат баробарию дўстию бародарӣ барқарор, ҳукмрон бошад! Аммо ку ҳамон инсофу адолат?! Ку бародарӣ, ку баробарӣ?! Эҳ, Худо чунин дили нозукро аз куҷо оварда, дар қафаси синаи ман часпонд?! Рост мегўӣ, Ҳоҷӣ! Агар ҳамин дили нозук, ҳамин дили зормонда намебуд, шояд сарам осуда буд, ин қадар дард намекард, ин қадар доимо ғуввос намезад!

пешина
аз 208
навбатӣ