Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Файзулло ҳатто қадаме пеш наниҳод, то ба тағояш ёрӣ расондаву Аскарро бурда дар мошин савор кунанд.
Барои ў аз ҳама муҳимтар аз ҳама ҳамон фикри дар сараш афтода буд: Бо Санавбару дигарон ҳамсўҳбат мешавад, асар менависад… Бо ҳамин андешаҳо андаке калавидава тоб хўрду боз гирди дастурхон нишаст.
Қадаҳе аз шароб рехта нўшид. Як луқма аз газак, луқмае аз оши палав ба даҳон андохт. Яктогӣ аз зардолую себу нок газиду хоийиду фурў бурд.
Санавбар омад.


Мошини рангаш оҳарии тамғаи «Нива чун аспи ҷавмаст якбора хез заду ҷаҳид. Роҳи сангфарши ноҳамвори дараро луказанон пас монда, дере нагузашта, назди купрўки саргаҳи Харангон расид. Аз он гузашт.
Дар баромадгоҳи деҳа роҳи хилвату камодами талу пуштаҳо сар мешуд, ки дар гармсели офтоби тамуз мавҷ мезад. Дар шафати роҳ ягона касе, ки менамуд, Гавҳар буд, ки бо сару рўи арақшор, бо аҳволи зоре хишт мерехт, хишт мекашонд. Вай бо дидани мошини барояш шинос нафасе аз кор бозистода, қоматашро рост карду нигоҳи бефарқе ба сўи Сафарбек афканд. Сафарбек, ки пой аз гази мошин сар намедод, аз нигоҳи ў ҳаросон шуд. Саросема суръати мошинро баландтар кард. Барои ў ҳар лаҳза, ҳар нафас ғанимат буд, то ҳарчи зудтар, ҳоло ки Аскар масти беёд, дар курсии қафои мошин каҷпаҳлў зада, ғанабаш бурдааст, аз деҳа дуртар раванд. Мошин бошитоб аз чуқурчаи сари роҳ гузашта, хез зад, парид, сахт ларзид. Аскар якбора аз хоб бедор шуд, чашмонашро молида, ба атроф зеҳн монд, сипас ба қафо, ба роҳи тайкардаашон нигарист. Гавҳарро дид, ки дар миёни хиштпораҳо ҷунбуҷул дошт.
-- Ҳой ист! Маро куҷо мебарӣ?!-якбора овоз баланд кард ў.
Мошин таққӣ карда истод. Ҳоҷӣ Сафарбек нигоҳи гиламанду маслиҳатомезашро ба Аскар андўхт.

пешина
аз 208
навбатӣ