Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд, Сафарбек шабу рўз заҳмат кашида, талу теппаҳоро тахту ҳамвор, боғу роғ кард. Дар суроғи трактору тракторчӣ, кашондани ниҳолу дорую пору низ ҳамин «Нива», ки дар бадоштӣ аз ҳама имтиҳони роҳҳои шебу фарозу чуқурию пастиҳои кўҳистон гузаштааст, кор омад. Аслан, бист сол гузаштааст аз умри ин мошин. Дар бозор, аз дасти мисли худаш як марди деҳқон харидорияш кард. Як қадар маблағи дигар ба харҷ дода, соз кард, табъи дил аз таъмир баровард. Ҳоло, аз байн 6 сол гузашта бошад ҳам, аз «ҷонвар» шикояте надорад, ҳар қадар дар роҳҳои дуру наздик, дар ҳамворию чуқурию пастиҳо ҳай мекунад, ғам намедиҳад. На фақат хизмати ў ва аҳли хонаводаашро мекунад, балки ҳамсояву хешу табор, мисли Аскар ёру дўстонаш, ҳар вақте корашон афтад, Сафарбек одати «не» гуфтан надорад, нисфишабӣ бошад, субҳидам бошад, дар гармои тафсон, сармои зимистон, беминнату гилагузорӣ даст пеши бар гирифта, бо саманди худ ба хизмат тайёр аст.
…Сафарбек чашм аз роҳ барканда, назаре ба пушт афканд. Аскар ҳамоно каҷпаҳлў зада, сараш кашол шуда буд; даҳанаш боз, чашмонаш маҳкам, бо бинӣ ҳуштак мекашид.
-- Акнун бо вай чӣ бояд кард?-аз дил мегузаронд Сафарбек.-Куҷо барамаш? Дар куҷо фурорамаш? Хайрият, аз ҷанҷоли ў бо ҳамқишлоқаш халос хўрдам. Мабодо ўро кофта ёфта, сари қаҳру ғазаб аз гиребонаш мегирифт, аҷаб дилсиёҳие мешуд! Ин овоза то кимкуҷоҳое рафта мерасид! Ана он гаҳ мардум чӣ мегуфт? « Аҷаб замонае,- мегуфтанд.-Як Ҳоҷӣ як бадмастро ба сари як Ҳоҷии дигар овардааст! Шарм накарда, онҳоро ба ҳам ҷанг андохтааст! Ва мусулмон шудаю Хонаи Худоро зиёрат карда омада, аз дур тамошо кардааст, ки чӣ гуна ду фарзанди мусулмон гиребони ҳам медаранд, ҳамдигарро дашному ҳақорат медиҳанд, мушт кўфта, сару рўи якдигарро хуншор мекунанд… «Эҳ, Худо нигаҳ дорад! Астағфрилло! Астағфрилло!...»

пешина
аз 208
навбатӣ