Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Бо ҳамин ният Сафарбек мошинро нигаҳ дошту бе он ки чашм аз пеш барканад, онро саросема ба қафо ҳаракат дод. Ҳамин дам садои сигнали баланду гўшкаркунандаи мошини боркаше ўро аз ҷой як қад парронд. Тарсида ба қафо нигарист, дид, ки дар пушти мошини ў, расам-нарасам, бало барин «КамАз»-и пурбори сангу шағал меистод.
-- Ҳа чӣ гап шуд, Ҳоҷӣ?—чашмонашро молида, пурсид Аскар, ки аллакай бедор шуда буд.- Чӣ истодӣ?
Мошинат вайрон шуд?
Сафарбек дам назада, дари мошинро кушоду берун баромад. Дар ин асно Ҳоҷӣ Камол ҳам мошинсавор худро ба назди онҳо расонд. Ў бо қаҳр сар аз равзан берун карда, хост Ҳоҷӣ Сафарбекро барои қоидаи ҳаракатро вайрон карданаш танбеҳ диҳад. Вале чун чашмаш ба Аскар афтод, якбора дамаш дарун ғалтид, мурғи посўхта барин лаҳзае беқаророна пой кўфта, сипас, саросема баргашта дар ҷояш нишаст ва дар ҳамон масофае, ки тай карда омада буд, мошинашро қафонокӣ ҳай карду рафт.
Вай дур нарафт. Куҷо ҳам мегурехт? Аздусар Аскар ва Ҳоҷӣ Сафарбек ўро дарёб мекунанд. «Ҳой, мошини шалақатро куҷо кашола мекунӣ? Намедонӣ, ки мо дар саманди бодпо нишастаем!»-сар аз равзан бароварда, нимғурма овоз баланд кард Аскар.
Ҳоҷӣ Сафарбек аз он ки рафиқаш мошини ўро таъриф кард, «саманди бодпо» номид, хурсанд шуд ва ба чуқурию пастиҳои роҳи сангфарш аҳамият надода, пой аз газ нагирифт. «Нива» ба мошини аз қафо омада роҳ надода, дар як дам худро ба роҳи васеи тахту ҳамвор расонд ва дар муқобили мошини Ҳоҷӣ Камол, қариб калла ба калла зада, омаду қарор гирифт.
Бо гузашта рафтани «КамАз» Ҳоҷӣ Камол ноилоҷ аз мошин фуромад. Дар рў ба рўяш ниқорталабона Аскар рост меистод; санге дар даст, «мезанам!» гуфта дар кафаш бозӣ медоронд. Ҳоҷӣ Сафарбек дар бараш, ду чашм аз санг наканда, ҳар лаҳза омода буд, ки мабодо Аскар сангро бардошта ба сари Камол заданӣ шавад, дасташро медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё