Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Хулоса, ман гуфтаниам, ки мактаб диққату эътибори ҷиддии ҳамаи моро мӯҳтоҷ аст. Дар ин кор таъхир кардан ҳаргиз нашояд. Дар ин бобат адабиёт метавонад таъсирбахштарин василае гардад. Китобҳое даркоранд, ки на фақат аз мадҳу санои зиндагии соф бенуқсон, қаҳрамонони аз норасоиҳо ба тамом полуда — филтронидагӣ иборатанд, балки асарҳои таъсирбахши шавқовар, пурмазмун даркоранд, ки дар онҳо тасвири ҳаёти имрӯз равшан воқеӣ акс ёфта бошад. Дар паҳлӯи ҳамон бачаи аълохону фаъоли корҳои ҷамъиятӣ ва баодоб бигзор, наврасони ҳарзагард, авбошу тамокукаш, дузду риёкор, ки дар вуҷуди ҷамъияти мо хори гулзорро мемонанд, воқеӣ тасвир гарданд. Мо ба бачагон бештар ғизои ширину болаззати маънавӣ медиҳем, баъзан фаромӯш мекунем, ки нони сиёҳ ҳам хӯрдан даркор аст.
Дар ин бобат нигарони қарордоди ҳукумат ва ё идораҳои роҳбарӣ нашояд гашт. Агарчи қарордодҳо кам набуданд. Рӯзномаи “Правда” аз 17-феврали соли 1918 зери сарлавҳаи “Силоҳе, ки фаромӯш гаштааст” дар хусуси адабиёти навини бачаҳо мақола чоп карда буд. Аз сарлавҳаи он фаҳмидан душвор нест, ки ҳукумати нав адабиёти бачаҳоро дар мубориза барои идеалҳои коммунистӣ чӣ василаи тавоное мешуморад. Адабиёти бачаҳо имрӯз ҳам дар маркази диққати ҳукумат қарор гирифтааст.
Қоғазеро, ки аз дигар соҳаҳо сарфа мекунанд, барои нашри китобҳои бачагона медиҳанд. Ба вуҷуди ин дар республика ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба республикаҳои дигар кам китоб нашр мешавад. Масалан, агар дар республикаҳои соҳили Балтика ба ҳар сари аҳолӣ 12-13- тогӣ китоби бачагона чоп шавад, дар мо ҳамагӣ 1-2-тогӣ китоб мерасад. Дар ин боб республикаи мо, ки кишвари дорои маърифати қадима ба шумор меравад, имрӯз аз ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ қафо мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё