Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Нашриёти “Маориф” соли 1978 нашри “Тазкираи адабиёти бачагонаи тоҷик”-ро ба нақша гирифта буд ва соли 1979 хонандагон ҷилди нахустин ва ба қарибӣ ҷилди дуввуми онро ба даст гирифтаанд, ки он осори манзуму мансури давраи советиро дар бар кардааст. Ин кори пурзаҳмати нашриёти “Маориф” ба аҳли адаб равшан намуд, ки дар адабиёти бачагонаи мо ҳанӯз саҳифаҳои холӣ, мавзӯъҳои ба диққату эътибори адибон нигарон чӣ қадар бисёранд! Бале, норасоиҳо кам нестанд. Ҳанӯз ҳам шеърҳои пучу обшуста ва ба касе нодаркор, ба дили хонандаи имрӯз, ба ҳиссиёти он бетаъсир бисёранд. Аз ҷиҳати нафосат ва назокати калом ашъори бачагонаи мо хеле такмил металабад. Дар насри бачагона вазъият боз ҳам беҳӣ мехоҳад — асарҳои яклухти бачагона, ки ҳаёту таҳсили бачагони имрӯзи тоҷикро тасвир созад, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. То ҳол мо аз ҳаёти мактаб ва мактабиён ки инсони ҷамъияти фардои мо, асосан дар он ҷо ба камол мерасад, дониш ва ахлоқ, ақида ва ҷаҳонбинии солим пайдо мекунанд, асари шоистае надорем. Чун сухан ба сари мактаб омад, дар ин хусус чанд андешаи худро гуфтаниам. Аввало, бояд иқрор кард, ки аксар адибони мо мактабро аз рӯи хотираҳои бачагӣ ва наврасии худ мешиносанд. Ҳол он ки мактаб ҳам баробари соҳаҳои дигари ҳаёт зуд ва қатъиян тағйир меёбад. Бинобар он ҳам, агар баъзе адибон аз ҳаёти мактаб чизе навиштанӣ бошанд, қаҳрамони худро зуд аз мактаб берун — ба лагери пионерӣ, ба деҳа ба назди бобояш, ба оғӯши табиат ва ё ба саёҳату шикор мебаранд. Дар натиҷа боз ҳамун асарҳои қолибрез, сохтаю бофта ба вуҷуд меоянд.
Мактаби мо имрӯз хеле пеш рафтааст. Программаи таҳсилро сол аз сол такмил медиҳанд, чуқуртар ва пурратар мекунанд ва асосан программа бештар ба тарафи дониш ва малакаи техникӣ майлон кардааст. Ин кор як ҷиҳати дигаре дорад, ки имрӯз бисёр муаллимони фозил ва падару модаронро хавотир мекунад: бачаҳо ҳама чизро рӯякӣ омӯхта, дониши чуқуру асоснок намегиранд, ба андозае қобилияти мустақил фикркуниро фаромӯш мекунанд. Агар мо ба бачаҳо дар ивази маълумоти зиёду сатҳи мустақил фикркунӣ, китобхонӣ, таҳлили мустақилро меомӯхтем, барои андеша ва мулоҳиза имконият медодем, беҳтар буд. Дар саҳифаҳои матбуоти марказӣ чанд сол аст, ки мутахассисон роҷеъ ба гаронбории талабагони мактаб менависанд ва басо мулоҳизоти судманд баён мешавад. Талабагони синфҳои болоӣ ҳар рӯз 7-8 соат дар сари мизи мактабӣ менишинанд. Боз вазифаи хонагӣ. Ин аз кори якрӯзаи коргари баркамол зиёдтар аст. Ба замми ин маҷлису маҳфилҳо, машғулиятҳои дигар… Рӯзи шанбе ҳам, якшанбе ҳам онҳо ба кор банд, дар андешаи дарсу вазифаҳои хонагианд. Аз ин ҷиҳат бисёр бачагон нисбат ба мактабу дониш бепарво, асабонӣ, инҷиқ ва зудранҷанд.
Ҳам муаллимон ва ҳам адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, имрӯз хуб медонанд, ки дар мактаб кор кардан мушкил гардидааст. Беҳтарин тамомкунандагони донишгоҳҳои олӣ ҳаракат доранд, ки ба кори муаллимӣ нараванд. Дар мактаб муаллимони мард заруранд. Бачаҳо бештар ба онҳо тақлид мекунанд, аз онҳо ибрат мегиранд. Вале дар мактабҳои пойтахтамон шумораи муаллимони мард рӯз аз рӯз кам мешаванд. Чаро ин гуна вазъият ба миён омадааст? Сабаб бисёр аст. Яке аз сабабҳо, ба фикри мо он аст, ки дар синфҳои мактаби шаҳр ҳоло 40 нафарӣ ва аз он ҳам зиёд хонандагон дарс мехонанд. Ингуна синфро дониш омӯхтан як сӯ истад, идора кардан номумкин аст. Сарфаи маблағе, ки аз ингуна синфҳои чилнафарӣ ба даст меояд, ногузир ба чораҷӯиҳои дигар
— барои хонаи милицияи бачаҳо, суд ва колонияи меҳнатӣ харҷ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё