Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мудам, ман дар ин таҷрибагоҳи адабиёт дасти ду тан устодонро гирифта ва ҳаргиз аз баҳои онон ба эҷоди худ, аз фикру маслиҳатҳои эшон номурод набудам, ноумедӣ накашидам.
Нахустин ҳикояти маро, ки ҳикоят гуфтани он навиштаҳо балки ҷоиз набошад, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Муҳаммадҷон Шукуров хондаанд. Имрӯз асари қалами онҳоро дар варақҳои аз мурури айём зардгаштаи бастаҳои мусаввадаи худ мебинаму ба дили меҳрпарвари онон, ба ранҷу заҳмати аз холисиҳо холистари эшон аз ҷони миннатдор аҳсант мегӯям.
Аз ваҷҳи осори бадеъ, аҳволу омол ва шахсияти муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев муҳаққиқони адабиёт, дӯстону ҳамқаламон ва шогирдони эшон муддатҳост, ки мақолаҳо ва айёми охир ёддоштҳо интишор доранд ва ин кори пурарзиш ҳароина идома дорад. Аз ин чанд сол муқаддам рафиқе аз ман хоҳиш кард, ки то аз хусуси муаллим мақолае бинависам, аммо ман ин пешниҳодро аз чанд ҷиҳат андешидаму ба корбандӣ ҷасорат накардам.
Нахустин андешае, ки маро ба сар омад, ин буд, ки аҳли адабро мабодо гумоне расад, ки ман бо ин мақола ба он кас тамаллуқ мекунам. Ин гумонам бедарак набуд. Дар он айём дар саҳифаҳои матбуот ба ин оҳанг мақолае интишор ёфта, сипас боиси тамасхур ва писхандҳо гардиданашро ҳама ёд доштанд. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ба даври муаллим тамаллуқпешагон ҳам мегаштанд.
Аммо имрӯз ман танҳо аз як боби амали муаллим — аз ранҷу заҳмати ин шахс дар тарбияти шогирдон шаммае ҳикоят кардан мехоҳам, зеро чунин ба назар мерасад, ки дар ин боб сухани гуфтанӣ ва шуниданӣ дорам.
Соли 1971 ман дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекардам. Дар як хона бо Саттор Турсун менишастем. Рӯзе муаллим аз рӯи одати мудоми худ дар шитоб ба идора даромаданду баъди ҷавоби салом, дасти маро фи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё