Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
шурда, суханони табрику таҳният гуфтанд:
— Аз имрӯз эътиборан шумо расман ба сафи носирон гузаштед. Минбаъд шуморо нависанда мегӯем. Хуб коре шуд, ки як нафар шоирро аз арсаи назм кашида гирифтем! — гуфтанд муаллим ва аз рӯи одаташон нимҳазлу нимҷиддӣ ба як навъ оҳанги ифтихоромез.
Сипас муаллим эродҳои худро роҷеъ ба ҳикояи ман “Бобо” ки аз мутолиаи он қаноатмандиашон аён буд, гуфтанд. Муаллим майдагапӣ надоштанд, як-ду эроди асосиро гуфтанду ба ҳошияи мусаввадаи ман ишора карданд, — боқӣ ҳама дар ҳамон ҷо. Метавон гуфт, аз он рӯз эътиборан ман ба навиштаҳои худ аз манзари дигаре чашм андохтам, ҷиддитару амиқтар нигаристанро пеша кардам.
Чун мавриди сухан аст, бояд гуфт, ки осори эҷод кардаи Фазлиддин Муҳаммадиев, хоса ҳикоёти он кас худ барои мо — ҷавонони мактаби насри тозаасосе буд.
Усулҳои нави характерофарӣ, моҳирона ба кор бурдани сарвату назокати забони модарӣ, мантиқан устувории калом ва равшании матлабро аз ҳикояву қиссаҳои муаллим омӯхтаем. Таъсири файзбахши осори эшонро дар навиштаҳои ҳамаи адибони ҷавону миёнсоли тоҷик дарёфтан метавон.
Ҳоло мусаввадаҳои худро варақ мезанаму ғайриихтиёр дар тасаввур меояд, ки муаллим барои эҷоди ман чӣ миқдор заҳмат кашидаанд. Ҳол он ки ман аз шогирдони дургарду ба қавле “худобовар” будам ва безарурат муаллимро дарди сар доданро ба худ муносиб намедидам.
Инак, мусаввадаи яке аз машқҳои аввалинам. Дар ҳошияи варақи нахуст бо сиёҳқалам саволе ва зери он “соядаст”-и Фазлиддин Муҳаммадиев: “Аломатҳои китобатӣ ку?” Саҳифаро мулоҳиза мекунам. Муаллим бо сиёҳқалам вергулро, дар як ҷумла пайвандаки “ва” боз чанд аломати фаромӯши маро ҷо ба ҷо ниҳодаанд. Бепи-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё