Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрӯз баъзе аз рафиқони мо фикру ақидаи худро он қадар беқурб кардаанд, ки ҳеҷ хиҷолате накашида, баъзан асари беҳунариро тавсиф мекунанд ё нишони истеъдодро фаҳманд-нафаҳманд, инкор месозанд. Ингуна фикри бебурд пеш аз ҳама гӯяндаро беэътибор мекунад. Балки баъзе аз ин доварон худ қаллобони риёкоранд, аммо гумон доранд, касоне, ки хомӯш сухани ононро гӯш медиҳанд ё мехонанд, шояд хақиқати ҳолро нафаҳманд ва ба қавли онҳо бовар кунанд.
Ман баъди хотимаи ҳар як асари худ ба беқарорӣ интизор мегаштам, ки кай онро муаллим мехонанд ва фақат баъди аз назари он кас гузаштани он ҳикоя ё қисса андаке хотирҷамъ нафас мегирифтам.
Аз ин ҷиҳат, агар гӯям, ки ҷои муаллим дар пешгоҳи маҳфили мо ҳамеша холист, дигаре он касро иваз карда наметавонад, ҳаргиз муболаға нахоҳам кард. Баъзан худ ба худ меандешам: сабаби эътибори фикри муаллим чист? Ба гумони ман, аввало — ҳаққоният ва сониян, нозукбинӣ ва борикандешии муаллим аст. Ҳаққоният пеш аз ҳама.
Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун адибу устоди хушзавқ дар баҳо додан ба осори адабӣ, ба гумони ман, саҳв накардаанд ва аз ин ваҷҳ хурду бузург он касро эҳтиром дорем. Агар саҳву ғалатфаҳмиҳои дигаронро муаллим ислоҳ намекарданд, дар тасаввур овардан муҳол аст, дар адабиёти мо чӣ харҷу марҷе даврон мекард, чӣ дағдағаю дағалбозиҳое барпо мегашт. Хоса, имрӯз, ки баъзе рафиқон дидаю дониста ҷави якеро гандум ва гандуми дигареро сабӯси маҳз меҳисобанд ва аз ин ҳукми худ ҳаргиз азоби виҷдон намекашанд, ҳиҷолат намешаванд аз он намеҳаросанд, ки дилу рӯҳӣ худро ба каҷию норостӣ олуда, дари кашфу эҷодкориро ба рӯи худ мебанданд. Пирони Шарқ овардаанд: инсоне, ки худ ба дурӯғу дағо олуда аст, дигар қобили эҷод нахоҳад буд. Ба ғайр аз ин, ба танқиди

пешина
аз 393
навбатӣ