Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

чинг, бетаънаю маломат, устодвор, бо тоқату таҳаммуле, ки хоси эшон аст, саҳву ғалати зиёди маро нишон додаанд. Ин замон дар идораи нашрияҳои мо рафиқони хеле ҷавон дар ҳошияи мусаввадаҳои якдигар чӣ суханони нешдор, пичингу кинояҳои заҳрогин менависанд, ҳама огаҳанг. Аз ин бебасарӣ ва бемуравватӣ чаро нагӯем, ки қаламкашон ин корро мояи фахри худ медонанд. Ин фирқа ҷавонон аз он бехабаранд, ки ин кор аломати камхирадӣ ва сабукмағзии инсон аст. Гузашта аз ин, баъзан навиштаҳои худи ин касон аз нуқсонҳо орӣ нест, аксаран аз фикри сараю нафосати борик бенасиб аст. Таассуфовартар аз ин чӣ мешавад, ки аксар ҳангом ин зумра касон бо эроди дурушт ва хӯрдагирии худписандона завқи паст ва тинати ночизи худро ошкор месозанд.
Биёем ба сари матлаби асосӣ. Дар варақи дигаре аз ҳамон ҳикоя ман каҳрамонро бо хонанда равшану возеҳ ошно накарда, зуд ба тафсили воқеа гузаштаам. Муаллим дар ҳошия ин нуқсонро ба тариқи зайл таъкид карда, навиштаанд: “Падаршӯи киро? хонанда бояд чи қадар сабр кунад, то он чизеро, ки бояд равшан бошад, бо азоб бифаҳмад?” Ин гуна қайдҳои Фазлиддин Муҳаммадиев понздаҳ сол аст, ки дар ҳошияи варақҳои ман сабт шудаанд ва ман ҳар бор аз рӯи эроди муаллим ҳикояву қиссаҳои худро гаштаю баргашта санҷидаам, маслиҳатҳои муаллимро баъзан маҳу солҳо андешидаам.
Муаллим ҳаками одил ва довари пурэътимоди осори адабии давр буданд. Ёд надорам, ки асаре ба он кас писанд наояду дар миёни китобхонон эътибор ёфта бошад. Боре аз хусуси повести ба тозагӣ интишор кардаи адибе фикри муаллимро пурсидам, гуфтанд: “Маслиҳатро гӯш надод, саросема ба нашр супурд… Баъзеҳо тамошояшро бинем гуфтанд-дия…” Дарвоқеъ, аз он асар дар адабиёти мо ҳеҷ нақше намонд, гӯё беасар гум шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ