Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷурми қаламкашони кӯрсавод аз миён рафтаст. Аммо чӣ кунам, ки ибораи “ниҳоли пахта” ба ман ҳеҷ хеш намеояд. Дурушту дағал ва хилофи қоида барин ҷилва дорад.
Вале он кайҳо ба забони мо сар дароварда, ба гӯшҳо нишастаст, ба касофати кадом як тилмочи безавқ ба тарзи калька тарҷума шуда, имрӯз хилофи мазмуни урфӣ маъруфият дорад. Вагарна кӣ намедонад, ки “ниҳол” дарахти навруста аст, асосан, то сесола! Шуарои пешин ва имрӯзӣ ҳам қомати борику мавзуни дилбаронро ба ниҳол ташбеҳ карданд.
Ман аз паи калимаи “ғӯза” афтодаму деҳқонони солдидаро, онҳоеро, ки аз қадим пахтакорӣ доштаанд, пурсуҷӯ кардам. Пирони деҳқонӣ таъбири “ниҳоли пахта”-ро дар солҳои охир шунидаанд ва ҳанӯз дар забони онон ҷорӣ набудааст. Дар Миёнкол тоҷикон пунбадонаи аз замин рустаро “ғӯза” мегуфтанд ва аз ин ҷост калимаи “ғӯзапоя”, ки имрӯз миёни мардум маъмул аст. Ҳосили бастаи онро “кӯсак” мегуфтаанд ва андаруни кӯсак — пахта. Миёни деҳқонони атрофи Самарқанду Бухоро вобаста ба тунукии кишт масале машҳур аст: “Ғӯза — каландрав, ҷуворӣ — шутурдав.” Бо чунин андешаҳо, бештар аз паи таҷриба ман дар он ҳикоя “ғӯза”-ро ба ҷои “ниҳоли пахта” ба кор бурдам, то бубинам забоншиносон ва шевасанҷон чӣ мегӯянд.
Дареғо, ҳеҷ касе ба ман нагуфт, ки ин амали ман дуруст буд ё хато.
Ман аз овони наврасӣ бо кори пахтазор ошноям, баъзан пунбадона сабзида (“чигит” не!) ба рӯи хок баромада-набаромада, онро об медиҳад, то замини сахт монеи нумӯъи ғӯзаи наврас нагардад ва ҳамчунон бо каланд рӯи ҷӯякҳоро ҳарош медиҳанд…
Муаллим ҷустуҷӯ ва такопӯҳои шогирдонро ба диққат менигаристанд, таваккалоҳангии онҳоро агарчи бисёр дида ва санҷидаанд, тамасхур намекарданд. Дар

пешина
аз 393
навбатӣ