Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тасдиқи ин гуфтаҳо воқеаҳои бисёреро хотира кардаам, аммо метарсам сухан дароз мешаваду аз ҳадди мақолаи рӯзнома мегузарад.
Дар боби сухан аз тоқадоварӣ ва худбиноҳо ҳамеша дар ҳаросам. Медонам, баъзе аз рафиқон назари худро бемуҳобот тарозуи адабиёт мепиндоранд ва ҳаргиз аз дилашон гумоне намегузарад, ки саҳв хоҳанд кард, беибо даъвоҳое мекунанд, ки миёни борику нозукашон ҳаргиз тоби бардоштани он бори гаронро надорад. Муаллим борҳо аз сари тамкин дами ингуна муддаиёнро паст карда, адабиёт ва забони фасеҳи моро аз “тозакориҳо”-и онҳо ҳифз кардаанд.
Дар адабиёти мо замони баёни соддалавҳонаи тавсифомез, ки солҳои пеш дар адабиёти рус онро “инфантильная описательщина” ном карда буданд, имрӯз агарчи камравнақ аст, вале давом дорад. Фазлиддин Муҳаммадиев бо осори адабии худ на фақат тамоми он каломи дурӯғиншукӯҳ ва хасакиро инкор карданд ва барои дидани моҳияти аслии осори бадеъ чашми хонандагонро кушоданд, балки тарзи эъҷодкориро низ ба мо омӯхтанд.
Устоди хақиқӣ бемансабу рутбаҳои баланд ҳам устод буданашро Фазлиддин Муҳаммадиев барои мо дар ҳаёт собит карданд. Устодонро бо фармонҳо таъйин кардан ва ё интихоб намудан ҳам натавон, устодонро ба мо давру замон худ пешниҳод мекунад.
Муаллим имрӯз дар миёни мо нестанд. Набудани он касро ҳар замон, дар сари ҳар қадам эҳсос мекунем. Маро дар инчунин маврид суханони Хоқонии Шервонӣ ба ёд мерасад: “Ку сухансанҷе миҳин, то бар сухан бигристӣ…”

1982-87

пешина
аз 393
навбатӣ