Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ШЕЪРИ ТАБИӢ ВА ХУДРУСТА
Боре гурӯҳе аз адибони тоҷик бо рафиқони масковӣ аз боби адабиёти бачагони тоҷик гуфтугузор доштанд.
Доири шеъри кӯдакон ва шоироне, ки барои кӯдакон шеър мегӯянд, баҳс даргирифт. Рафиқони масковӣ мегуфтанд, ки имрӯз дар адабиёти тоҷик шоири тавоное, ки шеъраш писанди хонандагони умумииттифоқӣ бошад, камтар ба назар мерасад… Ёдам меояд, аз ҳозирон — Масъуд Муллоҷонов, Гулрухсор ва боз чанд нафари дигар ба меҳмонон ба як овоз эътироз карданд ва гуфтанд, ки дар адабиёти тоҷик имрӯз чунин шоири соҳиби шеъри пурмаънию ҳассос омадааст ва он Гулчеҳра аст.
Яке аз меҳмонони масковӣ, мудири шӯъбаи адабиёти халқҳои СССР дар нашриёти “Детская литература” Галина Московская ин суханонро шунида, нобоварона ба чашми ман нигарист. Нигоҳи ӯ аз ман савол дошт: “Ту чӣ мегӯӣ? Магар ин даъво дуруст аст?” Ман филфавр гуфтам:
— Шеъри бачагон ҳам монанди адабиёти имрӯзи мо ба вазъи ҷамъияти мо сахт алоқаманд аст, зеро он зодаю парвардаи ҳамин рӯзгор ва муҳит аст. Бинобар он, аз ин шеър эъҷозеро, ки болотар аз имкону иқтидори ҷамъият бошад, чашм доштан нашояд. Ба ақидаи ман, дӯстон дар боби шеъри Гулчеҳра бемуболиға дуруст мегӯянд. Дар шеъри бачагонаи мо имрӯз шеъри самимитар ва тозатар аз шеъри Гулчеҳра нест ва агар дақиқтар нигарем ба ҳар як шеъри ӯ баъзан шоирони мо якчандтогӣ назира ва ё шеъри тақлидӣ гуфтаанд.
Сипас, дар тасдиқи ин гуфтаҳо як пора шеъри шоираро хондам:
…Бибиҷонам меояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё