Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧАРО ПРОПАГАНДА ПАРУ ПО
КАНДА ШУД?

Идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” аз адибон роҷеъ ба вазъи насри муосири тоҷик ба чанд савол ҷавоб гуфтанро тақозо кард. Дар назар чунин меояд, ки дар ҷавоби ин саволҳо андешидани ҳар як адиб зарур аст, зеро ба ин васила кас метавонад ба эҷоди худ аз дуртар, балки дар радифи осори дигарон назар афканад.
Ба назари Шумо муҳимтарин тамоюлҳои насри муосири тоҷик кадоманд?
Доири тамоюлҳои насри муосир ҳатто хеле иҷмолан фикри худро баён кардан масъулият ва заҳмати мутолиаи мунтазамро тақозо мекунад. Хоса, ки ман баъзе аз осори адибони тоҷик дар солҳои охир эҷодкардаро нахондаам.
Тартиби мутолиаи ман чунин аст, ки ҳар сол аз ҳар як адиби пурмаҳсул ҳикояте чанд ҳатман мехонам. Повесту романҳоро бист-сӣ саҳифа мехонам, агар дилгир мекунад, худро ба мутолиа маҷбур намесозам. Аввалин шарти асари хуби бадеъ шавқоварист. Агар асар шавқовар нест, олитарин фикр ва ғоя ширинтарин калом ҳам онро аз гумномӣ наҷот нахоҳад дод.
Мадорики хонданӣ имрӯз барои адиб хеле зиёд аст, мо бояд аз баландтарин осори адибони машҳури мамлакат ва олами мутамаддин сари вақт огоҳӣ дошта бошем, аз афкори илмию оммавӣ пайваста бархурдорӣ зарур аст.
Агар аз ҳамин равзани мутолиаи худ ба насри тоҷик назар афканам, як ҷиҳати махсуси осори солҳои охир ин аст, ки адибони мо усули таҳлил ва синтези воқеаҳоро пеш гирифтаанд, каломи онон тафдор, муҳокимаву музокираи онон бамаънӣ ва ҷиддитар шудаст. Ва аз ин рӯ эҷоди баъзе аз адибони моро имрӯз аз деҳқону чӯпон то академик аз сари шавқу рағбат мутолиа карда, қаноатманд хоҳанд буд.

пешина
аз 393
навбатӣ