Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Насри имрӯз публисистикаи урён не, балки силсилаи мушоҳада ва санадҳои муддатҳо хеле дақиқ андешидаи адибанд, ки ҳақиқатеро собит ва тасдиқ мекунанд.
Яъне, осори адиби имрӯз барои хонанда ҳақиқати рӯзгорро ошкор месозад, асрори савобу носавоб, некиву зиштӣ, рӯшноӣ ва тирагӣ, ҳаёт ва мамотро равшан мекунад. Адиб имрӯз дар асари худ симои давр ва симои худро тавсир мекашад. Аз ин аст, ки дар адабиёт ашхоси разилу худхоҳ ҳамчун адиб дуру дароз даврон карда наметавонад. Мутолиаи асари ин чунин адибтарошон ҳатто дӯстони наздиктаринашонро дилгир мекунад, зеро симои ботини онон пуч ва дилгиркун аст.
Имрӯз баъзе аз хонандагон гумон доранд, ки адабиёти солҳои охир гирифтори рукуд буд ва асаре, ки ихтилофи зиндагиро амиқ, ҳаққонӣ ва бо ҷасорат таҳқиқ кунад ва фошофош бигӯяд, ба вуҷуд наомадаст. Ба фикрам, чунин надомат, хоса дар боби насри мо чандон ҷоиз нест.
Адабиёт дар солҳои рукуди иқтисодии мо низ вазифаи худро ҳатталимкон сидқан ва виҷдонан адо мекард. Аз ибтидои солҳои шастум то имрӯз повесту ҳикоёте, ки дар онҳо тасвиру таҳқиқи амиқу воқеӣ бошад, магар кам аст?! Бе ҳеҷ шаке повесту ҳикоёти қолибзада ва сохтаву бофта бештар буданд, аммо ин чунин осори адабӣ ба ҳукми асарҳои рӯзмара аз худ нақши равшане боқӣ намонданд, шумори осори ҳунари асл ҳамеша, дар ҳамаи давру замонҳо афзун набуд.
Дар насри имрӯз таҳқиқ ва таҳлили зиндагии мардум аз тамоилҳои асосист. Аз намунаҳои хубу марғуби насри солҳои охир баъди гузаштани асрҳо ҳам хонанда тасвири ҳаёти воқеӣ, орзую омоли мардуми имрӯзро, портрети ба асл хеле наздики даврони моро меёбад.
Тамоили дигаре, ки маро хеле хуш меояд, рӯзафзун қавитар гардидани ҷанбаи психологии характерҳо дар наср аст. Агар адибон минбаъд ҳадди эътидоли ин тарзи тасвирро дарёбанд, аз ин усули пуртаъсири наср басо нодиракориҳо эҷод хоҳанд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё