Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Китоб фурӯшӣ дар деҳот ғолибан ба ихтиёри шахсони дар ин кор бевуқуф афтоданаш кайҳо боз мо — адибонро дар ташвиш овардааст. Ҳар замон аз гӯшаю канорҳои мухталифи кишварамон хабар мерасад, ки фалон китоби нодир, ки дар дӯконҳои пойтахт ду-се рӯзе беш набуд, дар фалон деҳа ва ё касаба зери ғубор мондааст.
Дарвоқеъ ҳам ин ҳол аламовар аст. Китобе, ки ҳазорҳо хонандагон дар ҷустуҷӯи он овораанд, дар гӯшае бехаридор хорӣ мекашад.
Агар ин китобҳо ҳеҷ набошад, дар дӯкони маркази рай-онҳо мебуданд, аз чашми китобдӯстон пинҳон намемонданд.
Роҷеъ ба ороиши китобҳои бачагона имрӯз эродҳо кам нестанд ва гиламандии хонандагон дар ин хусус ҷоиз аст. Аввало, матбааҳои мо суратҳоро чунон ки дар асл ҳаст, хушсифат чоп намекунанд. Чопи китобҳои ранга баъзан солҳо тӯл мекашад. Бо муқоваҳои сахту бадошт ҳам ҳол ҳамин аст. Ба ғайр аз ин то ҳол рассомон-ороишгарони китобҳои тоҷикӣ хеле каманд. Рассом ҳамон вақт суратҳои пуртаъсири мазмуни китобро пурра мекардагӣ мекашад, ки агар вай забони асарро фаҳмад, онро худаш хонда тавонад. Афсӯс ки бисёр рассомони мо аз рӯи нақли муаллиф ва ё муҳаррир барои китоб сурат мекашанд.
Имконияти нашри китоб ҳар қадар фаровон бошад, ҳар кадаре, ки бисёртар китоб нашр кунем, ба ҳамон андоза китоби мо, гуногунжанрии он зиёд мешавад. Чунон ки дар урфият мегӯянд, аввал гала кун, сонӣ сара кун. Ҳеҷ чизе ба дили бачагон, ба шуури онон ба мисли китоби хубу пурмазмун таъсири амиқ ва бардавом расонда наметавонад. Рост гуфтаанд, ки китоб чароғи мӯъҷиза аст. Аммо ин чароғи мӯъҷиза ҳоло мисли чароғи Аловаддин ноёб бошад...

пешина
аз 393
навбатӣ