Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МУСОҲИБА БО МУХБИРИ РӮЗНОМАИ
“КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН”

ПАЙВАНДИ ГУЛМУРОД

Мухбир: Қабл аз ҳама, ҳаминро пурсидан мехостам, ки хонандагони шеъри шумо кам набуданд…
Адиб: Чаро ба насрнависӣ шурӯъ кардам?
Мухбир: Бале, хонандагони рӯзнома сабаби инро мепурсанд.
Адиб: Ба адабиёти мардуми ҷаҳон нигаред: хеле бисёр адибон ҳам шеър гуфтаанд, ҳам наср навиштаанд, дар ҳамаи жанрҳо ва навъҳои адабиёт асар эҷод кардаанд.
Шеър бештар эҳтироси гармро мепарварад ва ман дар айёми ҷавонӣ асосан шеърҳоямро ба нашр мерасонидам.
Чунон ки гуфтед, хонандагони шеъри ман кам набуданд.
Боре шоир Гулназар духтараки донишҷӯеро ҳамроҳаш ба идора оварду ба ман шиносо карда гуфт: “Ин кас китоби шеъри шуморо аз ёд медонанд”. Он духтар, ки донишҷӯи дорулфунун будаст, дарвоқеъ аксари кулли шеърҳои китоби аввалини ман “Розҳои маҳтобшаб”-ро аз ёд медонист. Сонитар ман ингуна ҳаводорони шеъри худро дар маҳалҳои дигар ҳам пайдо кардам. Ҳар матоеро харидорест, шеъри ҳар як шоир талабгоре дорад, яке бештар, дигаре камтар.
Мухбир: Бо ин ҳама шумо чаро шеъргӯиро бас кардед, сабаби ин ҳол фақат ҷозибаи наср аст?
Адиб: Ҳанӯз тамоман бас накардаам. Мехоҳед як шеъри тоза хонам?
Мухбир: Кошкӣ.
Адиб: Ҳар гоҳе мавзӯъи шеър ояд, шеър мегӯям.
Ашъори чоп нашуда бисёр дорам. Аммо наср машғулияти ҷиддӣ менамояду бештар маро ҷазб кардааст.

пешина
аз 393
навбатӣ