Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҷаҳоне месозад, ки баъзан аз ҷаҳони воқеъ рангинтар аст.
Ин ҷаҳони адиб ба хонаи наве монанд аст, ки хонанда ба он ворид мегардаду сипас дар он зистан оғоз мекунад.
Савол:Доир ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ чӣ мегӯед?
Ҷавоб: Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ воқеаи хеле хуш аст, агарчӣ муддатҳо ин мақом фақат дар коғаз хоҳад буд. Моддаҳои мурда дар қонунҳои мо бисёранд. Бояд, ки мардум, зиёиён, амалан ба забони мо мақоми онро бидиҳанд. 40-50 соли охир забони мо сахт осеб дид. Конфусийро пурсидаанд: “Агар ӯ ҳукмдори кишвар мебуд, корро аз чӣ оғоз мекард?” Гуфтааст: “Аз ислоҳи забон”. Ҷавоби хирадмандонаест. Вақте, ки ҷамъият рӯ ба таназзул меоварад, забони он ҳам ба харобӣ дучор мешавад. Суханро барои пинҳон доштани матлаби асосӣ, барои фиреб ба кор мебаранд, то ки мардумро аз асли воқеа бехабар созанд. Он гоҳ духтаракони 12-14 сола таронакунон дар пахтазори тафсон 14-15 соат кор мекунанд, дар хирмане оташ афтаду касе ҳалок гардад, ӯро қаҳрамони даврон эълон мекунанд ва ғайра...
Ҳеҷ фикр намекунанд, ки ҳаёти як навҷавон аз даҳҳо ва садҳо тонна гандум қиматтар аст.
Савол: Шумо баъзан ба танқиди адабӣ ҳам даст мезанед, мо мақолаҳои тунду тези шуморо хондаем. Доир ба танқиди адабӣ фикратонро мегуфтед.
Ҷавоб: Ҳамин қадар донистам, ки дар муҳити адабии мо танқид фоида надорад. Барои танқиди солим, ҷамъияти солим, муҳити адабии солим даркор аст. Масалан, агар ман нуқсони асареро гӯям, муаллифи он ба худсафедкунӣ ва зиёда аз он, ба багӯии ман оғоз менамояду, рафиқон ва ҳамдиёронаш хомтарин асари ӯро ҳам таърифу тавсиф мекунанд! Хонанда саргаранг мешавад, содалавҳон ва китобхонони бетаҷриба фиреб мехуранд.
Аз ин сабаб ба таърифу тавсифҳо ҳам, ба танқид ҳам бепарво ва хунсард бошед, ҳар як асарро худатон хонда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё