Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
баҳо диҳед. Айёми охир баъзе мунаққидон монанди оҳангсозон ва ҳофизон ба ташвиқи осори ҳамдиёрони худ пардохтанд. Инҳо касони дар илми адабиёт бемасъулият, саҳеҳтар аст агар бигӯем, савдогарони адабиётанд. Аҳли маънӣ ба ҳукми онон ҳеҷ эътимод надоранд.
Яке аз дӯстони маънирас чунин як мақолаеро хонда мегуфт:
Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлогаҳи туст, Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.
Роҷеъ ба баҳои муҳаққиқон ба асрҳои худ ҳамин қадар мегӯям, ки онон ҳанӯз аз навиштаҳои ман бахши хеле камашро хондаанд. Ононе, ки вассофи ҳамдиёрони худанд аз ин саф истисно, се-чор тан мунаққидони умедбахш низ бо наср ҷиддан сару кор надоранд. Ин ҳамаро бояд адибон дар пленуми минбаъда таҳлил кунанд.
Савол: Аз Шумо як пурсише, ки дар нӯги забони ҳар як китобхони тоҷик аст: мегӯянд, ки қариб ҳар як қиссаи Шуморо ба душвориҳо ва муқовиматҳои зиёд ба нашр мерасонанд, сабаб чӣ бошад?
Ҷавоб: Бале, ҳар як асари нави ман ба муқобилияти сахти баъзе адибон ва раҳбарони маҷаллаҳо дучор омад, вале дар миён сабаби ҷиддие нест — ба гумонам, дар он асарҳо ошкоро ҳеҷ фикри харобиовари бунёди давлатдории мо ё ғояи ошӯбангез ва ё исёнкорона набуд. Чунон ки дар романи тӯҳматзадаи адиби марҳум Ҷумъа Одина.
Бигирем, қиссаи нахустини ман — “Рухсора”-ро:
достони ишқу ошиқиест дар пиромуни воқеаҳои давр — хурӯҷи бюрократия, поймоли ҳуқуқҳои оддии башарӣ, харобии маънавӣ ва иқтисодии кишвари мо дар ибтидои солҳои шастум...
Аз аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Садои Шарқ” дар он айём устод Муҳаммадҷон Шукуров ва нависандаи маъруф Абдумалик Баҳорӣ ба нашри қисса тақозо кунанд ҳам, ашхоси бар сари кор буда ду-се сол нашри онро монеъ гаштанд. Ниқорталабон, кинаварони ҳеҷу пуч.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё