Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мухбир: Ба хонандагони худ аз қадамҳои нахустинатон ба арсаи адабиёт хабар медодед.
Адиб: Дар ҷавонӣ ҳар яке аз мо андаке шоир аст.
Агар феълан шеър нагӯяд ҳам, эҳтирос ва шавқу завқи ҷӯшоне дорад. Ин эҳсоси сӯзон мубтадои ҳар як эҷодкорию бунёдкорӣ аст. Ман ҳам дар ҷавонӣ як ҷуволи пурпур аз орзу будам. Он солҳо қариб нисфи донишҷӯёни факултети филологии дорулфунуни шаҳри Хуҷанд адибони ҳаваскор ба шумор мерафтанд. Вале дар дили ман нисбат ба шеъру шоирӣ орзуҳои дигар устувортар буданд. Ин қисса дароз аст ягон бори дигар, чун мавридаш ояд мегӯям. Хуллас, ман ба касби шеър сонитар машғул шудам. Сараввал устод Раҳим Ҷалил ва сонитар устоди шодравон Боқӣ Раҳимзода ва инчунин дигар шоирони он давр дасти маро гирифта дар ин ҷода басо дилпуриам бахшиданд.
Мухбир: Дар хусуси аз назм ба наср гузаштанатон чӣ мегӯед ?
Адиб: Ба фикрам, шеър меваи эҳсос аст. Шеър суруд аст, ҳикмат аст, ҳар чӣ гӯед, ҳамон аст, вале тасвири возеҳи зиндагиро дар он намебинед. Шеър хулосаест аз зиндагӣ, вале на худи зиндагӣ аст. Романҳои Балзакро хонда, сурати зиндагии асри ӯро равшан мебинед, вале шеъри ҳеҷ як шоир портрети асру замони ӯро бо ин возеҳӣ намеёбед. Дар назари ман наср тӯпи дурзанеро мемонад.
Хонандаро ташвиқ насохта, балки ба воситаи тасвир бовар мекунонад, дар қалби ӯ эътиқоди чуқур ба вуҷуд меорад.
Овони ҷавониам, қабл аз шеъргӯиҳо ман як-ду ҳикоя навишта будам. Аз афти кор, норасогии таҷрибаи зиндагӣ дар ҷавонӣ кори худро кард. Ҳикояи нахустини маро як нафар муаллими ҷавони адабиёт хонду гуфт: “Шумо ҳанӯз аз қоидаҳои наср бехабар барин. Образи манфиро кӣ ин хел портрет додааст?” Сипас вай ҷумлаи маро

пешина
аз 393
навбатӣ