Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Фирдавсӣ гуфтааст: “Чунин аст расми саройи дурушт, Гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт...” Ман ин суханро на барои он бигуфтам, ки котибро дастгирӣ кунам ва ё шахси эродгирандаро мулзам созам.
Ман бидуни ҳеҷ андеша ва тааммул он рӯз аз рӯи одати худ ҳақиқатро гуфта будаму бас.
Баъди чанд рӯзи ин воқеа котиби масъул дар роҳ пеш омаду гарму часпон салом кард ва маро боз бештар агар ҳайрон гӯям, на он сухан аст, моту мабҳут сохту бигуфт:
— Повест чи шуд? Повестро биёред, чоп мекунем...
Ана, ба ҳамин минвол, тасодуфан қиссаи “Рухсора” дар маҷалла интишор гашт. Нигаред, ки даврон чи касонро ба рӯи об бароварда буд! Интишор ва аксаран тақдири осори адабӣ, дар он айём агар баъзан гӯям дурӯғзан хоҳам буд, аксаран ба ҳунари нависандагии муаллиф ва қимати асар не, балки ба феъли мусанниф ва муомилаи ӯ вобаста буд.
Бинобар он, адибони камҳунар дар гурӯҳҳо муттаҳид мегаштанд.
Нашри қиссаи “Рухсора” дар нашриёт ҳам ба монеа бархӯрд. Мудире пайдо гашту сарфи назар аз нашри “Садои Шарқ” ва баҳои хуби танқиди адабӣ ба он хӯрдагирӣ оғоз кард. Мудир онро ба як тан дӯсташ барои тақриз дода, чиҳо супориш карда бошад, ки соле аз миён гузашту вале на аз тақриз дараке буд ва на аз дастнависи ман.
Хайрияти кор, дар ин миён Ҷумъаи Одина ба вазифаи мудири редакцияи адабиёти муосири нашриёт омаду кор ранги дигар гирифт.
— Ман аз маҷалла “Рухсора”-ро дар як шаб хондам.
Повести хуб аст. Ба муқарриз расонед, агар тақриз навишта бошад, пеш орад, музди қаламашро медиҳем, агар ҳанӯз нанавишта бошад, ба ӯ расонед, ки дигар даркор не, — тахминан ҳамин тавр гуфта буд ӯ ба муҳаррири китоб дар ҳузури ман.
Барои ҳамин гуна росткорӣ, ростгуию виҷдон ва ин

пешина
аз 393
навбатӣ