Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-софаш ӯро мардуми сиёҳдил хуш намедоштанд. Романи “Гузашти айём”-ро чӣ касон ба зери теғ дода пора карданд, ӯ хуб медонист ва борҳо аз ин хусус ба ман мегуфт...
Рӯзи ҳалокаш буд. Ман баъди пешин ба идораи “Газетаи муаллимон” ворид гаштам. Дар долон муҳаррири рӯзнома Б.Бердиева ба ман рӯ ба рӯ омад. Салом кардем.
— Ҳа, ба назди Ҷумъабой омадӣ? — савол кард вай мисли ҳамеша шитобон.
— Ку, як бор бинам, чи ҳол доранд акаи азиз... Дар ин олам як-ду нафаре ҳастанд, ки ман аз сари ихлос ба аёдаташон меравам...
— Вай имрӯз навбатдор аст, — гуфт муҳаррир дастаки дари идорахонаашро гирифта. — Илтимос, ӯро мон... Ягон рӯзи дигар биё, Баҳром, — хоҳишмандона гуфт сармуҳаррир.
— Хуб, — гуфтаму ба қафо мегаштам, ки дари идорахонаи акаи Ҷумъа нимво шуд ва дасте берун гашту аз оринҷи ман гирифт ва ба дарун кашид. Ин дасти акаи Ҷумъаи Одина буд. Ӯ суханони муҳаррирро андаруни хона мешунидаст.
— Дароед-е!.. Гап мезанад-дия!..
Дар рӯи мизи ӯ саҳифаҳои корректураро дида, сараввал ба нишастан ирода накардам.
— Ман саҳифаро хонда ба поён расонидам, — гуфт ӯ то ки хотирҷамъ бошам.
Ӯ марди фозил ва пурмутолаа буд. Ман аз адибони тоҷик то имрӯз касеро намедонам, ки дар ин бобат бо вай ҳамсарӣ кунад.
Ҳамон рӯз акаи Ҷумъа дар омади сухан, аз боби як ҳикояи дар рӯзнома ба табъ расидаи ман фикри худро гуфт:
— Ҳикояатон хуб аст. Фақат як эрод дорам: воқеаеро, ки бо мӯйсафед дар гузаргоҳ рӯй медиҳад, партоед ё бо ягон воқеаи дигар иваз кунед.
— Чаро он воқеа ба шумо хуш наомад? — пурсидам.
Аз оҳанги суханам ҳувайдо буд, ки ин эроди ӯро тан ги

пешина
аз 393
навбатӣ