Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рифтан намехоҳам.
— Он воқеаро бо чашми худ дида будед?
— Не. Онро ба ман як рафиқ ҳикоя кард. Ба чашми худ дидаст, — гуфтам ман далер. Азбаски он рафиқро акаи Ҷумъа низ мешинохт, номашро гуфтан хостам, вале фурсат наёфтам.
— Ба ҳар ҳол, аз баҳраш гузаред. Ба ҳамин монанд воқеаро Райкин ҳикоя карда буд.
— Наход? — гуфтам ман ба он чӣ шунидам бовар накарда. — Аниқ медонед ё тахмин кардед?
Акаи Ҷумъа ширин табассум кард.
— Ташаккур. Ман он ҳикояро аз сари нав менависам.
Баъд номи он рафиқеро, ки ба ман воқеаро чун саргузашти худ баён карда буд, гуфтам.
— Балки вай ҳам аз дурӯғгӯи дигаре шунидагист, — гуфт акаи Ҷумъа.
Ба тадриҷ мавзӯи гуфтугузор ба сари навиштаҳои худи ӯ расиду гуфтам:
— Акаи Ҷумъа, нашриётҳои Маскав асарҳоеро интишор доранд, ки ҳаёти воқеии моро, хатоҳои таърихи инқилоби моро нисбатан далер акс мекунанд. Дар нисбати онҳо романи шумо...
— Медонам... Ноширони москвагӣ дастнависи романи маро хонда гуфтанд, ки дар он ҳеҷ сухани сахте нест. Агар розигии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ро бигиред, яъне бигӯянд, ки ба нашри роман дар Москва онҳо муқобилат надоранд, мо ба табъ мерасонем. Аммо чи кунам, аз мост, ки бар мост... — гуфт оҳи дардноке кашида. Баъд сигори навро ба лаб ниҳоду оташ сар дод ва паёпай чанд куллоби чуқур кашид.
Сипас ӯ аз боби саргардониҳояш барои иҷозати нашри романи “Гузашти айём”, аз муомалаи бюрократҳои сангдил ҳасрат карду ман ба нияти дилбардорӣ гуфтамаш:
— Бюрократизм ба ҳадди охири худ расид, акнун фу

пешина
аз 393
навбатӣ