Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЯК НАФАР АЗ ШАҲИДОНИ
ИНҚИЛОБ

Дар наздикии деҳаи Булоқ дар он ҷое, ки роҳҳои мумфарши Ленинободу Шайдон, Понғозу Конибодом ба ҳам мепайванданд, чойхонаи нав сохтаанд. Мусофирон, раҳгузарон, коргарон, ронандагон дар чойхона нишаста чой мехӯрданд, аз ину он сӯҳбат мекарданд, кӯфтагии роҳро мебароварданд.
Аз толори оинабанди чойхона чакалакзор ва дар он сӯтар дар паси навдаҳои урёни ниҳолҳои наврас марқаде бо лавҳаи ёдгорӣ равшан ба назар менамояд.
Ман аз ин роҳ чор-панҷ сол қабл аз ин гузашта будам. Ин ҷо на чойхона буду на чакалакзор. Қабр ҳам набуд, марқади ёдгорӣ ҳам.
Ман дар назди панҷараи оҳанин истода катибаи рӯи тахтасангро хондам: “Дар ин ҷо иштирокчии фаъоли мубориза барои Ҳокимяти Советӣ — Пӯлод Ниёзов, ки дар соли 1922 босмачиён ба қатл расонидаанд, дафн карда шудааст”. Ба пояи қабр пионерон гулчанбар гузоштанд. Мусофирони дар мошин нишаста аз қабр чашм наканда, аз афташ дар ин мавзӯъ гуфтугузор доштанд.
Мӯйсафеде бо фотиҳа даст ба рӯяш кашид.

Соли 1916. Соли сеюми ҷанг, аҳволи подшоҳи Россия, ки дар Туркистон ва Бухорои Шарқӣ Оқподшо мегуфтанд, бағоят танг шуд. Антанта шоҳи мағрури русро беш аз пеш ба гирдоби ҳалокат мекашид. Тамоми мардон дар фронт буданд, хоҷагии қишлоқ хароб, саноат футур рафта барои каме бошад ҳам барқарор намудани кори ақибгоҳ дастони корӣ намерасид. Ҳукумат барои дар ақибгоҳ кор фармудан аз байни мардуми Осиёи Миёна мардикор ғун мекард. Ана, ҳамин тариқ панҷаи сарду бешафқати ҷанг то ба кӯҳистони тоҷик чанг андохта буд.
— Аз волости Бободархон сад нафар мардикор мегирифтааст!

пешина
аз 393
навбатӣ