Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фҳои хушбӯ ба димоғи ӯ атри марғзорони деҳаашро меоварданд. Боз ду-се қадам... баъд граната партофтан мумкин... Аз ҷунбидани алафҳо фашист ӯро пай бурд.
Ана, мили пулемётро ба сӯи ӯ равона кард... Тезтар!.. Борони тири душман ба сӯи ӯ мерехт. Якбора сахт такон хӯрд. Пояш карахт барин, ҳо, пояш вазнин шуд... Хуни гарм ба пояш часпид. Ӯ фаҳмид, ки тири душман ба пояш расидаст. Бо азоб боз ду-се бор гавак кашид. Пулемётро натарконда, дар ҳамин ҷо дар бари он мурдан чи аламовар аст!.. Наход, ки... наход, ки...
Қудрат гранатаро ҳозир карду як нафаси чуқур гирифта, бо тамоми қувват ва шуҷоат аз ҷояш ҷаҳида бархост... Ӯ садои таркидани гранатаи худро нашунид. Ҳамаи ин дар фосилаи сонияе рӯй дод. Нишонзани душман Қудрат рост шудан ҳамоно мили оташбори пулемётро ба пайкари ӯ равона кард. Вале Қудрат аллакай гранатаро ғурронда буд. Пайкари реза-резаи қаҳрамон ба замин наафтода пулемёт бо расчёташ мисли хоктӯдае ба ҳаво парид.
Бо садои “Ура-а-а!” дӯстони Қудрат пеш давидаанд.
Дар ин ҷанг 12 сентябри соли 1943 фарзанди Тоҷикистон Қудрат Қайумов ҳалок гашт.
Дар деҳаи Оболоневи райони Коронск, дар марқади бародарон хоки поки ӯ низ ҳаст.
Бо укази Президиуми Совети Олии СССР аз 16 октябри соли 1943 ба Қудрат Қайумов пас аз ҳалокаташ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст.
1968

пешина
аз 393
навбатӣ