Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кӣ будани он ноҷинсро аҳли Ошоба ҳанӯз ҳам намедонанд. Хиёнат ва ҷиноят ҳамеша касбу кори буздилон ва номардон аст. Шояд хиёнаткор оқибати он иқдоми шуми худро қабл аз вуқӯъ фаҳмида инқадар бо эҳтиёт амал кардааст.
Раҳмонқул-қурбошӣ фавран барои овардани командири сурх Пӯлод Ниёзов муовини худ Эрматпонсодро бо як даста аскар фиристод.
Эрмат-понсод яке аз ҷоннисорони маъруфи аскари зидди инқилоб буда, дар мардонагӣ ном бароварда буд.
Сонитар ӯ низ дар ҷанг ҳалок мешавад.
Пӯлоди ҷароҳатҳояш дар натиҷаи зарбу лат аз сари нав хуншор гаштаро ба назди Раҳмонқул оварданд.
— Ба ҷароҳатҳои Махдум (падари Пӯлодро Ниёз Махдум меномиданд) дору монед! — кӯтоҳакак амр кард Раҳмонқул.
Пӯлодро кашолакунон бурда хобонданд. Либосҳояшро пора карда ҷароҳатҳояшро кушоданд. Ба ҷароҳатҳои ӯ бо навбат даҳони фаранг, қаланфур, намак мегузоштанд. Ӯ фарёд назад, имдоде нахост. Дар ҳолате, ки дандонҳояш сахт ба ҳам фишурда буд аз ҳуш рафт.
Ӯро “уро-уро”-и дӯстонаш Аскарони Сурх ба худ овард. Пӯлод ба гӯшҳояш бовар накард. Тирпарониву “уро-уро” қариб ним соат давом кард. Вале Раҳмонқул ҳангоми гурез Пӯлодро фаромӯш накард.
Аскарони Сурх босмачиёнро думболагирӣ карда рафтанд. Ҷасади Пӯлоди бо зарби шамшер пора-пора кардагиро сокинони Ошоба Иброҳим ва Алӣ ба гилеме печонида саросема дар таҳи девори гӯристон ба хок супориданд.
Пӯлод ба умеди ҳақиқату адолат, ҳаёту зиндагии баробарҳуқуқона, барҳам додани пастию баландиҳои дар миёни одамон мавҷуда ба даст туфанг гирифта, ба ҷидол бархоста буд...
Ҳамсолони ӯ, додараш дар деҳаи Понғоз — ҳама имрӯз пирони солдида гаштаанд. Пӯлод дар ин синни ҷавонӣ барои ҳақиқату адолат ҳалок шуд ва дар хотири ҳама ҳамчун ҷавони 29-30 сола ҳамешагӣ мақом дорад. 1968

пешина
аз 393
навбатӣ