Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДАР ЯК КОЛХОЗИ ДИЛВАРЗИН...
Муҳаррири рӯзномаи “Машъал” Усмони Олим дар идораи танги худ нишаста, саҳифаи шумораи фардоинаро мехонд. Бодбезаки электрикӣ бошиддат кор мекард, аммо ҳавои тасфидаи хонаро сардтар карда наметавонист.
Ману муҳаррир ҳамчун дӯстони дерин ҳамдигарро оғӯш кашида вохӯрдем, ҳолҷӯӣ кардем. Усмони Олим аз саломатӣ ва кору бори дӯстони душанбегӣ пурсон шуд ва ҳарду дар сари як пиёла чой соате саргарми сӯҳбат будем. Акаи Усмон чандин сол боз дар Мастчоҳи нав, рӯзноманигорӣ кунад ҳам, ман қариб, ки мақолаҳои ӯро нахондаам. Усмони Олимро ман ҳамчун шоир мешиносам. Ӯ чор-панҷ сол муқаддам шеъру рубоиҳои хуб менавишт, аммо сонитар мисли бисёр ҷавонони соҳибқалам ба корҳои дигар саргарм гашту аз шеъргӯӣ дур монд.
Шояд ин гуноҳи вай ҳам набошад. Дар замони мо бо музди шеър фақат шуарои хеле номвар ва ё соҳибмансаб рӯзгузаронӣ мекунанду бас.
Идораи рӯзномаро набзи ҳаёти район мегӯянд.
Дарвоқеъ, дар район чӣ гапҳои тоза, чӣ воқеа ҳамаашро аз ин ҷо мефаҳмед. Албатта, рӯзнома органи райком аст ва асосан, бо супориши он аз ҷӯшу хурӯши кори деҳқониву молдорӣ ё дигар соҳаҳо менависанду ҳаёти аслии мардуми ноҳия дар як тараф мемонад.
Барои таҷриба, агар гузаратон афтад, ба идораи рӯзнома дароеду аз рӯзноманигорон дар бораи ягон саркор ё раиси колхоз ё чӯпони ба даҳон афтода савол кунед, ба шумо тамоми саргузашти ӯро аз ришта то ба сӯзанаш гуфта медиҳанд. Аммо моли нодири ба база омада ба куҷо меравад ё худ мансабдорон бо моҳонаи муқаррарӣ чаро инқадар зиндагии бошукӯҳ доранд, сабаб кардан наметавонанд.
Дар ин мавзӯъ ҷустуҷӯ ва таҳқиқ манъ аст. Аз ин аст, ки навиштаҳои онон ҳам беранг, дилгиркун ва якнавохт аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё