Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
шаванд. Баъзе рӯҳафтода ва малул, гурӯҳе аз бахту барори худ ноумед ҳам мегарданд. Ман барои ингуна ҷавонон, барои онҳое, ки дар ҳаёт мавқею мақом ва ҷодаю ҷавлонгоҳи худро меҷӯянд, ин қиссаро навиштаам.
Қаҳрамони ман Илҳоми бебарор кору эътибор ёфт, ба худ боварию эътимод пайдо кард, умеди қавӣ, муҳаббат ва саодат ёфт, ман ӯро ба роҳи мақсад андохтам.
Мухбир: Баъзе аз хонандагон баъди мутолиаи ин қисса ба чунин ақида омадаанд, ки дар роҳи баландкӯҳ Илҳомро танҳо монда пеш рафтани ҳамроҳонаш дилсахтии ба одамони мо хос нест. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
Адиб: Одамоне, ки дар чунин муҳити сахт кор мекунанд, андаке нотарошидаанд, бетаккаллуф ва бебоку ҷасуранд. Ман ин лаҳзаро набофтаам, балки воқеист.
Дар кӯҳсор баъзан дилсахтиҳои аз ин ҳам дилфишортарро гувоҳ будам.
Мухбир: Шумо вазифаи адабиётро дар замони мо аз чӣ иборат мешуморед? Масъалаи асосие, ки дар назди он истодааст, ба фикратон аз чӣ иборат аст?
Адиб: Адабиёти солим, адабиёти пешқадами равшанфикрон дар ҳамаи давру замонҳо барои некӣ ва накӯкорӣ, барои тавфиқ ва такмил ёфтани инсон, аз ҳар олоише пок гаштани он мубориза дошт. Адабиёти мо ин анъанаи муқаддасро давом медиҳад. Имрӯз, ба фикри ман, адабиёт беш аз ҳар вақт бояд барои тарбияи ҳиссӣмаънавии инсон, барои пойдории накӯкорӣ, ростию поктинатӣ, дӯстию рафоқат талош созад. Ман аз навиштаҳои худ ҳамин талабро дорам. Ҷаҳдам бар он аст, ки дар ин мубориза сухани бурро ва таъсирбахштаре гӯям, зеро ҳар асаре, ки бо шавқу рағбат хонда намешавад, сарфи назар аз ғояи олӣ, фикри бикр, мавзӯи обнарасида ва ё фасоҳату назокату муҳиммияти мавзӯяш вазифаи худро адо карда наметавонад. Дар мусобиқа бо кино ва телевизион

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё