Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

барин васоили пуртаъсир адабиёт бояд мақоми худро аз даст надиҳад.
Мухбир: Саволи охирин ҳамчун одат доир ба нақшаҳои эҷодиатон. Дар ин бобат агар ба шунавандагон ва хонандагони худ сарахборе менамудед…
Адиб: Аз нақшаҳои худ сухан гуфтан ҳамеша мушкил аст. Чунон ки адиби маъруф Расул Ғамзатов фармудааст, камон ба даст ба раҳи шикор баромада, кас намедонад чӣ сайде мегирад. Ман ҳам пайваста ҷустуҷӯ ва такопӯйҳо дорам, орзумандам монанди дӯстон ва ҳамқаламони пуркорам китобҳои дилписанд нависам. Алҳол, ҳамин қадар гуфта метавонам, ки имрӯзҳо повести наверо навишта анҷом додам. Ин қисса, ки “Тору пуд” унвон кардаам, аз садоқат ва фидокории зани тоҷик ҳикоят мекунад. Зани оддӣ, ки аз дигарон ҳеҷ тафовуте надорад, ҳамин ки дар зиндагиаш сахтие пеш омад, чунон хислатҳои ҳайратангез, сифатҳои олиҷанобе зоҳир мекунад, ки ҳар яке аз моро ба андеша водор месозад то муносибати худро ба атрофиён боре амиқтар биандешем.
Ба ғайр аз ин, ман адиби ҳикоятнависам ва пайваста ҳикоя менависам. Ҳикоя дар насри солҳои охир мақоми хосае дорад. Дар назар чунин меояд, ки адабиёти тоҷик фақат аз рӯи ҳикоя бо адабиёти пешқадами дигар миллатҳо ҳамсарӣ кардан метавонад. Ҳайфо, ки муҳаққиқону мунаққидони тоҷик ҳанӯз аз ин равнақ ё огоҳӣ надоранд ва ё фурсати таҳқиқи онро наёфтаанд. Ҳаками мӯътабар боз ҳам айём аст ва хонандагони мӯътабаранд.
Мухбир: Ба шумо сиҳатӣ ва барори кор орзумандам.
Адиб: Ташаккур ба шумо.
1981

пешина
аз 393
навбатӣ