Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нигариста монду баъд зӯр зада, ба хотир оварданӣ шуд.
— Даромади колхоз он солҳо... аз 350 ҳазор сӯм зиёд набуд.
— Соли гузашта чи қадар?
— Соли гузашта як миллиону ҳаштсад ҳазор сӯм даромад кардем.
Ҳар ду боз хомӯш монда, ба фикру андешаҳои худ банд шудем. Ронанда, ҷавони хушовоз будаст. Ногоҳ “Қӯшчинори” Шоҳназар Соҳибовро сар карду ҳавои ларзони ин суруди дилрас ҳастии ҳар дуи моро ба худ кашид. Ронанда айнан, бо гиру мони Соҳибов тараннум мекард. Дар ҳавои ин суруд аҷаб як ҷозибае пинҳон аст, ки дили ҳар як шунавандаро ба талотум меорад. Оҳиста, шеърро гӯё ба тақтеъ ҷудо карда, бо нафосат хондани ӯ ҳавасангез буд.

Ба рағми булбулон имшаб лаб аз гуфтор мебастам,
Зи хуни дида дар дил ман ду сад гулзор мебастам.

Газик кӯчаи ҳамвори деҳаро ақиб гузошта, ҳоло бо роҳи пасту баланд ва пурхоки пахтазор ҷаҳидаву афтода мерафт, аммо мо ҳар се дар банди ин суруди диловез баробар тараннум мекардем:

Гул аз боғи ҳавас мечидаму бар хор мебастам

— Мӯсафед чанд моҳ аз вафоташон пештар аз телевизион чунон суруд хонданд, ки зӯрии овозашонро шунида, ҳайрон шудем, “хайрият, ҳанӯз бақувват будаанд” гӯён хурсанд гаштем, — гуфт Азизов андешамандона.
Ман хандидам. Раис бо тааҷҷуб ба рӯям нигарист.
— Он кас дар назди камераи телевизион истода ҳамон сурудро ором замзама мекарданду мову шумо овози чанд сол пеш сабт шудаашонро мешунидем, — шарҳ додам ман, ки аз он тараннуми ҳофизи пир бохабар будам.
— Ҳа, ана, гап дар куҷо! Ман ҳайрон шудам, ки наход

пешина
аз 393
навбатӣ