Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ашро шумуред. Канӣ, чанд кӯрак дорад. Ман аминам, ки кӯраки пахтазори Давлат нисбат ба пахтазори шумо зиёд аст.
— Тирамоҳ мебинем, раис, — дар фикри худ истодагарӣ мекард саркор. — Тирамоҳ ҳамааш маълум мешавад.
— Ба ғайр аз ин, пахтаро сӯхтаоб накардаед. Бинед, қадаш баланд шуда рафтасту ҳосил кам.
— Сӯхтаобатон чи? — пурсидам ман аз раис.
— Пахтаро дар аввал кам об додан даркор, то ки решааш чуқур равад. Аз аввалаш паёпай об додан гиред чуқур реша наронда, ба қад зӯр мезанад. Сонӣ, — раис боз ба Маликшоҳ рӯ овард: — Обро калон мондетон. Замин нишеб, хоку поруи будагиро аз замин шуста мебарад.
— Ногоҳ об зиёд шуда мондаст. Дигар вақт, заҳ кашонда об медиҳем. Дар масъалаи пору мадад мекардед, раис.
— Барои порукашонӣ ҳафт мошин ҷудо кардем.
Нисфи мошинҳо ба хошок банд. Аммо аз Олтинтопкан пору овардан шарт не. Ҳамаи аъзоёнатон гов доранд. Аз ҳар хона ним мошин пору гиред, қариб бист мошин пору ҷамъ мекунед. Ҳам ҳавлиҳо тозатар шуда, магас камтар мешавад. Тракторро бепору ба пахтазор надароред.
Колхозчиён як-як ба танаффуси нимрӯзӣ баромада, дар шипанг ҷамъ шудан гирифтанд. Саркор моро ба чойи нисфирӯзӣ даъват кард. Раис ба соаташ нигаристу “хуб, ҳозир” гӯён, аз дасти ронанда як чизи латтапечро гирифта, ба тарафи буттазори анбӯҳ рафт. Ман як саволомез ба ронанда нигаристам. Ҷавон табассум кард. Саркор тааҷҷуби маро пай бурда шарҳ дод:
— Раис ба як дарди сахт печид. Аз афташ, даво надоштаст. Ҳозир худаша укол карданӣ рафт. Ҳар рӯз аҳвол-ана ҳамин...
Ман пай бурдам, ки ӯ ба дарди диабети қанд мубтало гаштааст.
— Кай боз? Чи хел ба ин дард гирифтор шуданд? —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё