Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МАРДИ КӮҲДИЛ ВА КӮҲПАЙКАР

Муаллим Мирсаид Миршакарро дар Тоҷикистон аз ҳафтсола то ҳафтодсолаи мардуми тоҷик мешиносанд.
Ҳама аз хурдӣ бо шеърҳои шоир ошноем. Осори муаллим борҳо ба забони русӣ ва забони халқҳои дигар тарҷума шуда, дар кишварҳои дуру наздик интишор ёфтааст.
Муҳаққиқони адабиёт мақоми шеъри шоирро дар адабиёти тоҷик кайҳо муқаррар кардаанд. Ман дар ин мавзӯъ сухани тозае надорам.
Шоирон бисёранд ва бисёр касон худро шоир мепиндоранд, бехабар аз он, ки шоир қаблан инсони комил, инсони бузург аст. Муаллим Миршакар на фақат шоири ҳассос, балки инсони бузургдиланд, ки ҳар як амали он кас барои мо шогирдон ҳавасангез ва ибратомӯз аст.
Шоирони сухансанҷ кам нестанд, вале на ҳамаро метавон бо меҳр ва эҳтироми самимӣ ном бурд. Дарвоқеъ, агар шоири шаҳир осори муосирони худро нахонад ва аз ӯ ба онон маслиҳате барнаояд, ба бурду бохт, ба дарди адабиёти давр бепарво бошад, чи гуна метавон ӯро адиб ном бурд? Ё худ бигирем, агар шоири номвар фақат дар ғами худ аст, ӯ чӣ шеъри дилрас гуфта метавонад?!
Бузургон гуфтаанд, ки инсон дар ҳаёт ҳар чизеро писандад, ба ҳамон чиз табдил меёбад.
Аз ин лиҳоз муаллим Мирсаид Миршакарро мо ҳама адибони ҷавону миёнсоли тоҷик бо эҳтироми тамом “устод” мегӯем.
Аз он айёме, ки толеъ маро мадад карду ба шиносоии муаллим шарафманд шудам, хуб медонам, ки устод осори ҳамаи адибони тоҷикро чӣ пиру чӣ ҷавон ба тааммуқ мутолиа мекунанд.

пешина
аз 393
навбатӣ