Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ЧАКРАЕ, КИ ЧАКИДУ ДАРЁ ШУД
Фақат аз ҳамин як ибораи “чакидани чакра” ҳам имрӯз хонандагони борикфаҳм пай мебаранд, ки рӯи сухан ба ҷониби кист. Мо таронаҳои ӯро чи дар шаҳр чи дар деҳоти дурдасттарин аз забони мардум мешунавем.
Ҳар як духтарчаи ҳанӯз зочабоз ба шумо таронаҳои “Чакра чакидан гирад” ва ё “Тоқӣ ба сарат, тоқии шоҳӣ ба сарат”-ро гуфта метавонад. Оре, таронаҳои ӯ дар як муддати кӯтоҳ дар дилу ҷони мардуми тоҷик ҷо гирифт ва симои рӯҳафзои ӯ, ки саропо шавқу шодмонӣ аст, дар пеши назар ҳамеша чун таронаи зиндагӣ ҷилва мекунад.
Таронаҳои Муқаддасро беҳаяҷону беизтироб, бетапиши дил, бепарво шунида наметавонед. Сири ин комёбии ҳунарвари ҷавонро овозшиносон ва ҳунарозмоён меҷӯянду муқаррар мекунанд.
Мегӯянд, ки истеъдод чашмаест, ки ҳеҷ як монеаро намеписандад, дер ё зуд, хоҳ-нохоҳ ҷӯшида равон мешавад. Ин ҳикмат беасос набуданашро овозаи ҳунари ӯ боз як раҳ собит намуд.
Вай дар аввал ба маслиҳати модараш — муаллимаи хизматнишондодаи республика Хоҷарбӣ Набиеваро, ки ӯро ба институти санъат дохил шав, мегуфт, гӯш накард.
Он солҳо комёбиҳои ӯ дар гимнастикаи нафис ҷолибтару дилработар буданд. Вай дар бисёр мусобиқаҳои варзишгарон иштирок карда, ба мактаби худ номи баланд меовард. Бо вуҷуди ин, муаллимаи истеъдодшиноси ӯ Евдокия Ивановна дар мактаби рақами 53 пойтахт ҳамеша ба ӯ таъкид мекард: “Барои ту, Муқаддас, аввал консерватория, сонӣ институти тарбияи ҷисмонӣ”.
“Чӣ бояд кард? Сухани ду шахси мӯътабарро гӯш накарда мабодо ки боз пушаймон бишавам?” — муддатҳо фикр мекард вай. Аммо...
Дар синни ҳабдаҳ ҳар ҳам кас як бор дар сари чунин чорраҳаи орзу истода фикр мекунад, ҳайрон мешавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё