Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

имрӯз ин қадар беқадру бехонанда намегашт, китоби адибон касод намешуд.
Боре дар шӯрои адабиёти бачаҳо Убайди Раҷаб китоби ашъори Нақиб Саид ном шоирро ба чоп пешбарӣ кард. Муаллим бар асари бетобӣ онро нахонда буданд, бинобар он, аз ман пурсиданд:
— Ту дастнависро хондӣ? Фикрат чист?
— Нахондаам ва намедонам, — гуфтам ман.
Муаллим ба аъзои шӯро рӯ оварданд:
— Баҳром хонад, сонӣ пешниҳод кунем…
Дарвоқеъ, шубҳаи муаллим ин бор ҳам асоснок будаст. Он китоб ҳанӯз шоёни ба чоп пешбарӣ кардан набуд. Бо маслиҳати рафиқон муаллиф онро як-ду бор гаштаю баргашта аз нав таҳриру такмил кард.
Муаллим Миршакар ҳамчун адиби ҳунарвар, ҳамчун инсони бузургдил ҳамеша дар пешсафи муборизонанд. Барои осори пухтаву солим, барои мазмуни баланду борик талош мекунанд, бо беҳунарону коҳилон, номпарварону худписандон аз як тараф, аз тарафи дигар бо дарду бемории солмандона пайваста талош доранд.
Чунон ки яке аз файласуфони пешин гуфтааст, ҳунарвар будан ва бемор набудан имкон надорад. Ман дар ин талоши муборак ба устоди кӯҳдилу кӯҳпайкар ҳамеша зафармандӣ хоҳонам.

1982

пешина
аз 393
навбатӣ