Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
КИРО ДОВАР КУНАМ?
Тарҷумаи осори бадеъ аз як забон ба забони дигар хизмати шоиста ва кӯшиши хуҷастаест. Тарҷумон имрӯз ба масал чун пули азим дилҳоро ба дилҳо ва зиёда аз он халқҳо ва кишварҳоро ба ҳам пайванд мекунад ва ошноию қаробат медиҳад. Мӯъҷиби хурсандист, ки солҳои охир тарҷумонҳои адабиёти бачаҳо ва наврасон хеле пуркоранд. Осори зиёде аз назму насри адабиёти рус ва халқҳои дигари Иттифоқи Советӣ ҳамчунон аз осори адибони мамолики дигари олам ба тоҷикӣ тарҷума шуданд ва ин амал рӯзафзун аст.
Рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” дар боби сифати тарҷумаи адабиёти бадеъ гуфтугузори судманде оғоз кард. Тарзи муайян ва мушаххаси ин гуфтугӯҳо умедворӣ мебахшад, ки андаке бошад ҳам, садди селоби харобкори тарҷумаҳои камсаводон мегардад.
Тарзи баёни хароб ва дағали хеле аз осори тарҷима пеш аз ҳама ба хонандагони ҷавон ва наврас таъсири касофатбор дорад. Ва баръакс, ҳар як ҷумлаи рехтаю суфта, ҷарангдор ва дилрас ба дилу ба хотираи хурдон нақше аз завқи солим мениҳад. Зеро каломи модарӣ барои бачаҳо сароғози меҳри ватан, ибтидои садоқат ба мардум аст:
Педагоги заковатманд Сухомлинский ин маънӣ гуфта аст: “Инсоне, ки забони модари худро дӯстдор нест, инсоне, ки дили ӯро каломи модарӣ ба туғён намеоварад — бадзотест, ки аз тоифаи худ ҷудо афтода аст”. Барҳақ, дар ҳамаи замонҳо ва давронҳо мардони соҳибдил ва оқибатандеш, ватанпараст ва мардумпарвар ба ҳар васила каломи модариро аз харобӣ ва олудагиҳо покиза доштаанд.
Дар муколамаи худ бо мутарҷим Шариф Шараф муҳаққиқи адабиёт Ҳамроқул Шодиқулов дуруст овардааст, ки дар нақшаи нашриёти “Маориф” адабиёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё