Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
қитъаи дигар мегузарем.
— То фардо бегоҳӣ хушк мешавад. Пасфардо шудгорро тамом кунед.
— Тамом мешавад, — гуфтанд баробар ҳар се тан.
Султонов бо тракторчиҳо боз каме андармон шуду сонӣ мо ба роҳи омадаамон баргаштем.
— Соати якуними шаб ба ферма барои чӣ меравем?
— пурсидам ман ба мошин савор шуда.
— Аз паи сарфаю саришта мегӯед-ку, — хандид Султонов. — Хӯроки молро то басарфа сарф кунем, вояи шабро ду ҳис карда медиҳем. Соати дувоздаҳи шаб бояд хӯрок диҳанд. Ман ба одамон бовар мекунам, вале барои таскини дилам бояд, ки худам бубинам.
— Ему алаф намерасад магар?
— Мерасад. Мо қариб сад тонна орди ғӯзапоя тайёр кардем. Онро агар бо дигар хӯрокиҳо омехта, бо оби айроне, ки аз заводи шир муфт мегирем, тар карда, бо дастгоҳи махсус буғ диҳем, мол гардашро намонда мехурад.
Ҳоло ҳар рӯз аз рӯзи пеш 20-30 кило зиёд шир мегирем.
Дирӯз 2870 кило шир ҷӯшида буданд, ҳозир мефаҳмем, ки имрӯз чӣ қадар шудаст.
— Дар район мақоми аввалро гирифтаниед магар?
— ҳазломез табассуме намудаму ба раис нигаристам. Вай аз роҳ чашм наканда гуфт:
— Дар нақшаю орзуҳои мо хеле корҳо ҳастанд, аммо ба даст овардани ҷои аввалро фаромӯш кардаем ба нақша дарорем, — бо лутф ҷавоб дод раис.
Молбонҳо дар хоначаи таҳи дарвоза ғун шуда чойхурӣ доштанд. Мо баъди салому ҳолҷӯӣ хилъати сафед ба бар кардем. Раис аз мудири ферма пурсид:
— Имрӯз чӣ қадар шуд?
— 2900, — ҷавоб дод мудир.
Раис дар даст чароғак қад-қади охури молҳо мегашт даст-даст карда аз хӯроки модаговон чӣ нишхӯрде

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё