Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ин аст, ки дастнависи адибони ҷавонро ба даст мегиреду аз ҷумлаи нахустини онон камсаводӣ ва каммутолаагии эшон ба назар мерасад. Ҳикояи адиби ҷавоне чунин оғоз гирифтааст: “Чӯбаки риштаи шаст дар оби мусаффои кӯл лаппише хӯрду ғоиб гашт. Зағорамоҳии тахминан якваҷаба зери шуои нурҳои охирини офтоб дурахшида, ба рӯи сангҳо шалаппосзанон афтид...” Биёед ин ду ҷумларо саҳеҳтар нигарем. “Чӯбаки риштаи шаст” гуён адиби ҷавони мо “ғаммозак” ё “қаровулак”-ро дар назар дорад. Азбаски китоб намехонад, луғати фаъоли вай хеле маҳдуд аст ва аз ин ҷиҳат “ғаммозак”-ро “чӯбак” мегӯяд. Қубҳи дигар дар ин ҷумла ин аст, ки ғаммозакро “лаппиш хӯрд” мегӯяд, ки чандон дуруст нест, зеро об лаппиш мехӯрад, мато, тӯр ва ғайра, вале як пора чӯби ғаммозак не. Қубҳи дигари ин ҷумла дар он аст, ки мусаннифи ҷавон ғаммозакро “ғоиб гашт” мегӯяд, ки ин гуфта ҳам ба ҳақиқати ҳол чандон рост намеояд. Ҳар касе, ки моҳидорӣ кардааст, медонад, ки ҳангоми ба шаст даромадани моҳӣ ғаммозак ғоиб намешавад, балки дур-дур ғӯтида берун меояд, ё сахт ба ягон сӯ ҳаракат мекунад. Дар ҷумлаи дуюми ин ҳикоя ба ҷуз баъзе нуқсони услубӣ (калимаи “тахминан” беҷо омадаст ва ғайра) як қубҳи азиме ҳаст, ки онро муаллимон ба шогирдони мактаб намебахшанд. “Шуои нур” гуфтан ҳеҷ маънӣ надорад, зеро ҳам “нур” ва ҳам “шуоъ” як матлаб — партави офтобро мефаҳмонад.
Ин ҷумлаҳо аз миёни навиштаҳои ҷавонон хоста гирифта нашуд, балки қариб ҳамаи навиштаҳои навқаламон ба ин минвол сарсарӣ ва мантиқан харобанд.
Бигирем мисолеро аз муаллифи дигаре. Ду ҷумлаи аввали он чунин аст: “Шабе аз фаслҳои дилангези табиат буд.
Дар осмон ситораҳо чашмак зада монанди ёқут медурахшиданд”. Аввало бояд таъкид кард: қариб ҳамаи қаламкашони ҷавон мавқеи аломатҳои китобатро намедонанд. Сониян, мантиқи хоми навиштаҳои ҷавонон ҳар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо