Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

як хонандаи каму беш саводнокро дилгир мекунад. Ба ду ҷумлаи боло мулоҳаза кунед. Адиби ҷавон шабро фасли сол мешуморад, ситораҳоро ба ёқут монанд мекунад.
Агарчи ёқут дар табиат ба чандин ранг дучор ояд ҳам, сурхи он машҳур аст, аз ин рӯ лаби маъшуқ ва шаробро бештар ба он нисбат мекунанд. Намедонам адиби ҷавони мо чунин ситораҳои сурхи хунафшонро дар куҷо дида бошад?!
Инсон агар ҳар қадар бештар сухан медонад, андешаи ӯ ба ҳамон андоза рангин, фикраш амиқу домандор аст. Ҳар як сухан ба инсон иртиботе, ассотсиатсияе ба вуҷуд меорад. Бигирем, агар ба деҳқон “поза” гӯед, ҳамоно ҷуфти барзагов, замини шудгор, фасли баҳорро дар тасаввур меорад, балки бӯи замини шудгор ба димоғаш мезанад. Вале баъзе қаламкашони ҷавон пайдост, ки аз чунин иртибот ба дурустӣ баҳравар нестанд, каломи тоҷикӣ гӯё ба дили онон беасар аст. Инсон ин нуқсони тарбия ва мактабро бояд худаш бартараф кунад. Дар урфият агарчи мегӯянд “ҳалво” гуфтан катӣ даҳон ширин намешавад”, вале аз ҳалво гуфтани адиб ҳам даҳони худаш ва ҳам даҳони хонанда бояд ширин гардад. Дар китобе хонда будам, дар яке аз лабораторияҳо тангаеро ба кафи дасти марде ниҳода гуфтаанд, ки он танга тафсон аст. Мард ҳаросон он тангаро аз дасташ андохтаст ва филфавр дар кафи дасташ обила ҳувайдо шудаст. Ҳол он, ки танга сард буд! Агар суханро чунон ки боист гӯем, на фақат инсон, балки ҷисми одамӣ ҳам ба он бовар мекунад. Ҳама гап дар он аст, ки кӣ мегӯяд ва ба чӣ тарз мегӯяд.
Ҳанӯз миёни хонандагон ва ҳаваскорони адабиёт ақидае мавҷуд аст, ки баёни ягон воқеаро ҳикоя ё қисса мешуморад. Аз ин гумони содалавҳона бояд даргузашт.
Шавқовартарин воқеа ҳам ба сари худ асари бадеъ нахоҳад буд. Барои ҳикоя ё повест гардидани он иштирокчиёни воқеа хислатҳои худро бояд чунон равшан

пешина
аз 393
навбатӣ