Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ферма Қӯзигул Халилова лоиқи унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ гардида буд.
Молхонаҳои ферма дар дили водии пернеъмати Зарафшон, дар канори ин рӯди файзбори тоҷикон воқеъ афтодааст. Моҳи январ кӯҳу водӣ, боғоту киштзорон зери кӯрпаи барфи ғафс фароғат доштанд. Фақат паррандагон аз ин чунин зимистони шадид ва барфҳои пай дар пай шикваомез садо дода, аз шахсорон мепариданд.
Атрофи иморатҳои фермаро села-села зоғони сиёҳ махмал барин иҳота гирифтаанд. Мурғон аз ҷойҳои дигар ба худ ғизо наёфта, аз ҳама атроф ба ин ҷо ғун омадаанд.
Мо ба мулоқоти чорводорон ба табрик ва муборакбодии Қӯзигул-апа шитоб доштем. Зотан, мо номи ӯро қабл аз ин ҳам дар силки говдӯшони пешкори республика дучор мекардем, аз рӯи анъанаи коммунистон ӯ солҳои дароз депутати шӯрои Олии СССР буд, аз боби комёбиҳояш шунида будем.
Дар ин мулоқот ҷаҳди ман бар он буд, то дар симои дилнишини ин ҷавонзани зебоандом он ҷиҳатеро дарёбам, ки аз чашми дигарон то имрӯз пинҳон мондааст ва балки асрори равнақи кори Қӯзигул-апа дар он мармуз аст.
Ҳеҷ дидаем, ки говдӯше бо модаговҳо соатҳо ҳамроҳ бошаду бо шавқи дил гуфтугӯ кунад, суханони навозишу меҳрубонӣ гӯяд, маломат кунад, ҳар якеро покиза қашав занад, молидаву хорида, гӯшҳояшонро таъзиромез кашаду молҳо ҳам ба нишони миннатдорӣ дастони ӯро лесанд, сару рӯи вайро гаштаю баргашта бӯида, оромиш ёбанд.
— Алояк, ҳой, Алояки баду балояк!.. Як соната ин қадар ба шитта молидаӣ?!. Ист, пок кунам... Соз ист... Сабр кун, Алояк, сабр кун, бефаҳм! Пистоната оби гарм катӣ шӯям... Э, бечора, ҷонвари безабон, нӯги пистонат кафидаст-ку... Ҳозир дору мекунам, равған мемолам... Тоқат кун, Алояк. Э, фуката бардор, нафасат кати сару рӯяма шусти-ку! Бардор сарата, сонӣ, сонӣ фарқи туро мехорам...
Аз ин меҳрубонӣ ва дилҷӯии тарафайн ҳам говдӯшзан мамнун буд ва ҳам модагови ало. Балки модагов аз ин ваҷҳ бештар пазмони ин зан аст, чашмони калони ни

пешина
аз 393
навбатӣ